Рубрики Хабарҳо

Беморӣ ва теорияҳои тавтеъа; Аз тоун то коруно

Шойеъот ва ахбори ҷаълӣ дар мавриди коруно, фазои ҳаросангезе барои мардум эҷод кардаанд. Бархе мӯътақиданд, танҳо бо риояти беҳдошт ва муроқибатҳои пизишкӣ ва иттилоърасонии дуруст, метавон аз паси коруно баромад ва барои оромиш бо як шиша оби ҷав. 

Раиси созмони падофанди ғайриомили Эрон мегӯяд, ба таври қатъӣ намешавад гуфт коруно як силоҳи биолоҷик аст, аммо бахши зиёде аз вижагиҳои як силоҳи биолоҷикро дорост. Пештар ҳам як узви комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлис, шуйӯъи коруноро “ҳамлаи биотеррористӣ” алайҳи Эрон ва Чин дониста буд. Чанд тани дигар аз мақомоти Эрон ҳам изҳороти мушобеҳӣ дар мавриди ин вирус доштаанд. 

Аммо мақомоти Эрон танҳо касоне нестанд, ки дар бораи коруно ба сӯроғи теорияҳои тавтеъа рафтаанд. Барои мисол дар Русия ҳам шойеъоти мушобеҳе дар чархиш аст ва албатта шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам бо корбароне аз саросари ҷаҳон, пур аст аз тасаввуроти хурофӣ ё теорияҳои тавтеа дар ин бора. 

Кристофер Наринг, хабарнигори Дойче Велла, ба суроғи ин мавзӯъ рафтааст; “бемориҳо ва теорияҳои тавтеа”. 

Ба навиштаи ӯ, вируси коруно, ки ин рӯзҳо ҷаҳонро фалаҷ кардааст на аз озмоишгоҳҳои низомии Чин ё Амрико меояд (чунин чизе исбот нашуда) ва на ин гуфта, ки албаниягиҳо аз назари генетикӣ нисбат ба коруно масун ҳастанд, содиқ аст. Дар идомаи мақолаи ӯ мехонем: 

Феҳрист хабарҳои ҷаълӣ дар мавриди коруно тӯлонӣ аст; Аз хандадор то теорияҳои тавтеаи ваҳшатангез дар навасон аст. 

Ҳафтаи гузашта буд, ки як ютубер бо 100 ҳазор думболкунанда, дар ютуб ва дар фейсбук, барои мардум аз “маншаъи воқеӣ”-и вирус парда бардошт: ба гуфтаи ӯ вируси коруно дар ҷараёни сохти насли панҷуми интернет дар шаҳри Вуҳони Чин ба вуҷуд омадааст. 

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ чӣ мегӯяд? 

Шиддат ва анбӯҳи ҳушдорҳо нисбат ба хабарҳо ва гузоришҳои нодуруст дар мавриди коруно ба ҳадде аст, ки созмони беҳдошти ҷаҳониро бар он дошта то сафҳае барои муқобила бо шойеъот дар мавриди роҳҳои дармон ва роҳҳои густариши вирус ба роҳ биандозад. 

Ин иқдоми равшангарона аз сӯи Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ва талош барои огоҳӣ додан дар мавриди ахбори ҷаълӣ ва иттихози стратегияи иттилоотии равшан аз сӯи ин ниҳод ва дигар созмонҳои беҳдоштӣ ва расонаҳо, нишон медиҳад, ки ҳамагӣ дарсҳое аз гузашта омӯхтаанд. 

Достони қадимии теорияҳои тавтеъа 

Дар саросари таърих, шуйӯъи бемориҳои ҳамагир дар ҷаҳон (пондемия) ҳамеша бо шойеъа ва теорияҳои тавтеъа ҳамроҳ будааст, албатта бо паёмадҳои мӯҳлик. 

Дар он замон ҳам монанди имрӯз, маншаи беморӣ ва чигунагии сирояти он дар маркази шойеъот қарор дошт. Профессор Мишел Бутар, аз донишгоҳи Тубингени Олмон мегӯяд, бар пояи яке аз ин теорияҳо, гурӯҳе, ки фаъолияташон махфӣ аст, талош мекунад созмон, кишвар ё тамоми ҷаҳонро таҳти контроли худ дароварад ё аз байн бибурад. 

Марги сиёҳ 

Барои намуна дар миёнаи қарни 14-и мелодӣ замоне, ки бемории тоун дар Аврупо шуйӯъи пайдо кард, касе маншаи онро намешинохт. Ба суръати шойеъотӣ дар мавриди заҳролуд шудани оби чӯйҳо даҳон ба даҳон чархид ва ба ҳамон суръат гумонбарони эҳтимолии ин иқдом ҳам шиносоӣ шуданд: Яҳудиҳо бо “барномаҳои шайтонии худ барои султа бар ҷаҳон”. 

Як бемории ҳамагири ношинохта ба якбора абъоди сиёсӣ ва мазҳабӣ ба худ гирифт ва ба поксозии қавмӣ ва динӣ ва табъиди яҳудиён анҷомид. 

Аммо теорияҳои тавтеа танҳо хоси замонҳои хеле дур нестанд. 

Заҳри олмонӣ 

Зарфи танҳо ду сол аз 1918 то 1920 “онфулонзои испанияги”, дар саросари ҷаҳон, 25 то 50 миллион қурбонӣ гирифт; Яъне беш аз қурбониёни ҷанги ҷаҳонии аввал, ки тоза ба поён расида буд. Аз онҷо, ки таҳқиқот дар мавриди маншаи ин беморӣ дар даҳаи 30- мелодӣ оғоз шуд, бисёре аз ҳамасрони ин беморӣ, онро “заҳри олмони” номиданд — силоҳи сохта шуда тавассути артиши Олмон. 

Ҳашараҳо алайҳи Олмони шарқӣ 

Ин яке на беморие, ки офат буд — суски (жук) колородии картошка дар Олмони шарқӣ. Ҳангоме, ки ин офат дар соли 1950 тақрибан тамоми бардошти картошкаро нобуд мекард, таблиғоти сотсиалистӣ аз “силоҳи амрикоӣ” мегуфтанд, ки барои харобкорӣ дар шарқ ба кор гирифта шуда. Дар он замон, беҳтарин баҳона барои мунҳариф кардани зеҳнҳо аз шикастҳои режими ҷадиди Олмони шарқӣ, ҳамин ҳашараҳо ва ҳамин шойеаҳо буданд. 

СПИД ва амалиёти Форт Детрик 

Дар миёни эпидемияҳои даҳаҳои ахир камтар беморие пайдо мешавад, ки аз назари корзорҳои таблиғотӣ ва интишори ахбори ҷаълӣ дар мавриди он ба пояи СПИД бирасад. Аз соли 1983 сервиси иттилоотии амниятии иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ (КГБ) дар саросари ҷаҳон ин шойеаро пахш кард, ки Амрико СПИД-ро ба унвони ҷангафрӯзи микробӣ дар Форт Детрик (пойгоҳи муҳимме аз нерӯи низомии Амрико дар Иёлати Мириленд) сохта ва онро рӯй руспиҳо, ақаллиятҳо ва ҳамҷинсгароён озмоиш карда ва сипас Африқоро масъули маншаи шуйӯъи ин вирус муаррифӣ кардааст. 

Ҳарчанд биологистҳо ва пизишкон дар саросари ҷаҳон ин теорияро ба унвони даъвои бепояву асос рад мекарданд аммо ин теорияи тавтеъа ба унвонҳои мухталиф то ҳамин имрӯз ҳам дар саросари ҷаҳон ривоҷ дорад. 

Ебола ва нақши Амрикову Бритониё 

Дар миёнаи даҳаи 90-и мелодӣ дигар Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ вуҷуд надошт ва созмонҳо ва ниҳодҳои беҳдоштӣ нисбат ба бемории СПИД ва муқобила бо он шинохти бештаре пайдо карда буданд. Аммо дар Африқо бемории тозае ба номи Ебола шуйӯъӣ пайдо кард. Бархе аз тарафдорони теорияҳои тавтеа, ки то дирӯз аз маншаи маснуии сохти вируси СПИД дар озмоишгоҳҳои Амрико сухан мегуфтанд, ҳоло дубора талошҳои сохти силоҳҳои биолоҷикӣ дар озмоишгоҳҳои низомии Форт Детрики Амрикоро ё дар Потон Даун, озмоишгоҳи улум ва технологии Бритониёро масъули интишори Ебола номиданд. 

Сол 2019 дар Кунгираи Амрико намояндае аз ҳизби ҷумҳурихоҳ аз Петагон хост то асноди маҳрамона дар бораи парвариши кунаҳо ба унвони силоҳи низомӣ марбут ба солҳои 1950 то 1975-ро фош кунад. Бар пояи таҳқиқе, ки ин намоянда бар он истинод мекард, ин кунаҳо эҳтимолан дар интиқоли ин беморӣ дар ҷаҳон нақш доштаанд. 

Огоҳӣ ва нақши расонаҳо дар муқобила бо шойеъот 

 Фарқе намекунад “онфулонзои испанияги”  бошад ё СПИД ё “вируси коруно”. Феҳрист бемориҳое, ки ҷаҳонро даргир карданд ва ба барномаҳои Амрико дар ростои сохт ва корбурди ҷангафрӯзҳои микробӣ иртибот дода мешаванд, тӯлонӣ аст. 

Албатта бояд гуфт дар мавриди вируси коруно дар шойеъоти каме инсоф ба харҷ дода шуда ва нусхаи дувумӣ ҳам мавҷуд аст, ки мегӯяд, Чин ин силоҳи микробиро сохта ва мунташир кардааст. 

Бо ин ҳол истидлолҳо ҳамеша яксонанд ва ҳамеша ҳам он чи мавҷуд нест, шавоҳид ва мадориканд. Ин гуна теорияҳои тавтеъа маъмулан дар мароҳили нахустини оғози як бемории ҳамагири ҷаҳонӣ сар бармеоваранд; Дар марҳалае, ки манша ва чигунагии густариши вирус ҳанӯз мушаххас нест. Шойеа ва ахбори ҷаълӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо хеле сареътар аз он чи ки пизишкон ва биологистҳо ва Созмонҳои беҳдоштӣ битавонанд иттилооти мувассақе дар ин бора дар ихтиёри мардум бигузоранд, мунташир мешаванд. 

Ба эътиқоди хабарнигори Дойче Велла, коруно вирусӣ аст, ки танҳо бо таҳқиқоти ҷиддӣ, риояти беҳдошт ва муроқибатҳои пизишкӣ метавон аз паси он баромад. Ин масъала дар мавриди хабаррасонӣ ва хабаргирии дар бораи коруно ҳам содиқ аст; Танҳо бо омӯзиш, саводи расонае ва беҳдошти равон аст, ки метавон ба дурусти дар бораи ин вирус равшангарӣ кард ва дар бораи он огоҳ буд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *