Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши наве вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро танқид карда ва гуфтааст, ки ҳукумат мисли солҳои пешин монеи гуногунандешии сиёсӣ шудааст.
Дар гузориши солонаи вазорат дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳон дар соли 2019 муаллифони гузориш Тоҷикистонро “давлати худкома” номидаанд, ки дар он “президент Эмомалӣ Раҳмон ва тарафдоронаш нуфузи сиёсӣ” доранд. Гузоришро рӯзи 11-уми март дар вазорат муаррифӣ карданд ва дар он вазъи ҳуқуқи инсон дар бештар аз 100 кишвар арзёбӣ шудааст.
Дар гузориш омадааст, қатлҳои ғайриқонунӣ ва худсарона дар зиндонҳо, рабудани афрод ва ба Тоҷикистон бурдани онҳо бо ҳамдастии кишварҳои хориҷӣ, истифода аз шиканҷа дар боздоштгоҳу зиндонҳо, зиндониёни сиёсӣ, бастани вебсайтҳо, маҳдуд кардани дастрасӣ ба интернет, маҳдуд кардани озодии баёну ҳуқуқи динӣ аз мавридҳои чашмгири нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон будааст. Монеагузорӣ дар роҳи фаъолиятҳои сиёсӣ, вуҷуди фасоду ришвахорӣ ва кори иҷбориву беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи аққалиятҳои ҷинсиро аз дигар мавридҳои беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон дар кишвар номидаанд.