Насимҷон Шарифов, намояндаи ҳаракати сиёсии «Гуруҳи 24” дар Туркия дирӯз 12 март дар шаҳри Истанбул боздошт шудааст. Пулис ин фаоли сиёсиро дар ҷои кораш дастгир кардааст ва ӯ ҳоло дар шуъбаи пулис буда, бо адвокат таъмин карда шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуотии ҳаракати сиёсии “гурӯҳи 24” хабар дода навишт, ки аллакай Насимҷон Шарипов ба вакили дифоъ таъмин шудааст ва ба зудӣ сабаби боздошт ва мақомоти боздошткарда муайян хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол сомонаи Ахбор бо нақл аз Нуриддин Ризоӣ, як фаоли дигари ҳаракати сиёсии «Гуруҳи 24” менависад, ки маъмурони пулис ҳамчунин Суҳроб Зафар, роҳбари «Гуруҳи 24” ва Зайд Бобоев, як узви фаъоли ин созмонро, ки дар Туркия паноҳ мебаранд, суроғ дорад.
Намояндагони «Гуруҳи 24” бар инанд, ки боздошти Насимҷон Шарифов бо дархости мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтааст. Насимҷон Шарифов 19 марти соли 2018 низ ҳамроҳ бо роҳбари «Гуруҳи 24” Суҳроб Зафар дар Истанбул бо дархости мақомоти Душанбе дастгир шуда буд, вале мақомоти Туркия аз истирдоди онҳо ба Тоҷикистон худдорӣ карданд.Насимҷон Шарифов ду сол пеш рӯзи 29 май, баъди 72 рӯзи боздошташ ва Суҳроб Зафар моҳи октябр баъди 200 рӯзи боздошт озод шуданд. Насимҷон Шарифов баъди раҳоияш дар соли 2018 дар Туркия мақоми расмии паноҳандагӣ ба даст оварда буд.
Нуриддин Ризоӣ, масъули равобити хориҷии ҳаракати сиёсии «Гуруҳи 24” дар саҳифаи Фейсбукиаш навишт, ки Насимҷон Шарифовро соати 11 аз ҷои кораш дастгир карда, бидуни шарҳи сабабҳои боздошт ба шуъбаи пулис бурдаанд.
Насимҷон Шарифов моҳи январи соли 2018 намояндаи «Гуруҳи 24” дар Туркия таъйин шуд. Насимҷон Шарифов ба далели фаъолиятҳои сиёсии оппозитсиониаш дар «Гуруҳи 24” тавассути Интерпол таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.