Вазорати умури дохилии Ироқ эълом кард, ки дар эътирозоти ин кишвар аз аввали октябри ҷорӣ то кунун 104 нафар кушта ва 6 ҳазору 107 нафар низ захмӣ шудаанд.
Саъд Муъин, сухангӯи вазорати кишвари Ироқ дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки шумори кушташудагон дар эътирозоти зидди давлатии мардуми ин кишвар аз аввали октябри ҷорӣ то кунун ба 104 нафар афзоиш ёфтааст.
Вай дар идома шумори масдумон дар ин эътирозотро 6 ҳазору 107 нафар эълом кард.
Муъин ҳамчунин гуфт, ки дар миёни кушташудагон, нерӯҳои амниятӣ низ вуҷуд доранд.
Сухангӯи вазорати кишвари Ироқ изҳор дошт, ки дар ҷараёни ин тазоҳуротҳо сохтмонҳои 51 ниҳоди маданӣ ва хусусӣ ва 8 ҳизби сиёсӣ ба оташ кашида шудаанд.
Гуфтанист, мардуми Ироқ аз якуми октябри ҷорӣ то кунун дар эътироз ба фасод, бекорӣ ва камбуди хадамоти умумӣ дар Бағдод ва манотиқи ҷанубии ин кишвар тазоҳуроти зидди давлатӣ баргузор мекунанд.
Нерӯҳои амниятии Ироқ дар бархӯрд бо ин мӯътаризон гоҳ гоҳе аз гулӯлаҳои воқеӣ ва гази ашковар истифода мекунанд.