Рубрики Хабарҳо

Тоҷикон ба хотири надоштани ҷои кор ба шуғлҳои хавфнок даст мезананд

Дар дидбонгоҳи сарҳадии  «Веселоярск», ноҳияи  Рубтсовски вилояти Алтайи Русия,  аз дохили худраве, ки шаҳрванди Тоҷикистон онро идора мекард, 68 паррандаи ороишӣ аз ҷониби кормандони мақомоти сарҳадӣ мусодира шудааст.

Тибқи идораи сарҳадии Хадамоти федеролии амнияти Русия дар вилояти Алтай, ронандаи тоҷик ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда барои интиқоли паррандаҳои ороишӣ надоштааст.

Ронанда боздошт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, паррандаҳои ороишӣ мусодира гардидааст.

Ҳамчунин имрӯз 5 март, хабаргузории tazabek.kg иттилоъ додааст, ки санаи  22 феврали 2018 , тахминан соати 23:30 дар деҳаи  Раззоқов, ноҳияи Лайлаки вилояти Баткент, дар сарҳади Тоҷикистону Қирғзистон аз қочоқи маводи оташгиранда-равғанҳои ороишӣ шудааст.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии Хадамоти сарҳадии Қирғизистон аз дохили мошини тамғаи «Мерседес-Бентс 822», ки ба шаҳрванди Тоҷикистон тааллуқ доштааст, зарфҳои металие мусодира шудаанд, ки дар дохили зарфҳо маводҳои оташгиранда-равғанҳои ороишӣ  ба миқдори 9100 литр бо арзиши 241 150 соми қирғизӣ будааст.

Дар хабар аз ронанда танҳо М.А.М. ном бурда шудааст. Бино ба манбаъ ронанда ҳеҷ як ҳуҷҷати тасдиқкунандае барои интиқоли маводи дар мошинбуда надоштааст.

Сарабек Узоқов, як сокини ӯзбектабори ноҳияи Ҷабор Расулови вилояти Суғди Тоҷикистон, ки аз Қирғизистон ба Тоҷикистон маводи сухт ворид мекардааст, ба Паём гуфт, ки аксари интиқолҳои молу коло тавассути “гапзанон” бо сарҳадбонон суръат мегирад.

“Ин “гапзанонҳо” риски калон аст. Бисёр вақт дар масъалаи ҳаққи сарҳадбонон нофаҳмиҳо ба миён меояд. Пештар миқдори маблағ дигархел гуфтушунид мешавад, аммо баъди бор ба сарҳад омадан онҳо бештар талаб мекунанд, ки дар дасти ронанда ин қадар пул намешавад. Ронандаҳо танҳо кор иҷро мекунанд. Ба хотири надоштани ҷои кор барои ба даст овардани як бурда нон ба чунин рискҳои хавфнок, ки ҳатто ҳабс шуданро дар пай дорад, даст мезананд”.- гуфт Сарабек

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *