Рубрики Хабарҳо

Нуриддин Қаршибоев. Сафири фарҳангиёни тоҷик

Нуриддин Қаршибоев, журналист, коршиноси бахши расона ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорону расонаҳои мустақилли Тоҷикистон 5-уми марти соли 1961 дар ноҳия Ашт ба дунё омадааст.

Қаршибоев Нуриддин Сатторович дар замони мактабхонӣ дар зодгоҳаш ба журналистика шавқу рағбат пайдо карда, нахустин мақолаҳояшро дар ҳамон синни наврасӣ дар нашрияҳои даврии ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Пионери Тоҷикистон», «Шуҳрати Ашт» ва «Ҳақиқати Ленинобод» чоп кардааст.

Ӯ хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар соли 1984 мебошад.

Вай баъд аз хатми донишгоҳ ба Ватан баргашта, фаъолияти кориашро расман аз рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ба ҳайси мухбир оғоз мекунад ва солҳои зиёде дар ин минбари расмӣ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла мухбир, мудири шуъба ва муовини сардабир кор мекунад.

Нуриддин Қаршибоев дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта як муддат ба ҳайси муовин дар Агентии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» кор мекунад ва сипас аз вазифаҳои расмии давлатӣ канор меравад.

Ӯ дар соли 1998 хабаргузории шахсии худашро бо номи «Inter Press Service» таъсис медиҳад.

Нуриддин Қаршибоев дар соли 2002 ҳамроҳи чан тан аз ҳамфикронаш Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (НАНСМИТ)-ро таъсис медиҳанд ва каме баъдтар ба симмати раиси НАНСМИТ интихоб мешавад ва то кунун ин Анҷуманро раҳбарӣ мекунад.

Нурддин Қаршибоев тайи 20 соли охир аз пешгомони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дониста мешавад ва пайваста мавқеи худ ва ниҳоди зертобеашро дар масоили муҳимми рӯз ошкор ва возеҳ баён мекунад, аз манофеъи миллӣ мегӯяду аз ҳуқуқи журналистон ва расонаҳо ҳимоят мекунад.

Нуриддин Қаршибоев дар декбари соли 2014 раиси Шӯрои Воситаҳои ахбори омма(ВАО)-и Тоҷикистон интихоб шуд ва давоми як сол то декабри соли 2015 аз идораи аслиаш дар НАНСМИТ истода ин Шӯроро раҳбарӣ мекард. Кори ӯ дар чунин шароит тавре аз қабл ҳадс зада мешуд, ки бо омадани вай дар раъси ин Шӯро кори он беҳтар хоҳад шуд, аммо кори ӯ дар Шӯрои ВАО интизориҳои журналистонро бароварда натавонист, чун муваффақиятҳои зиёде надошт.

Аз сӯи дигар воқеияти он рӯзгорон ҳам дар соли 2015 чандон хубе набуд, ки мисли солҳои 2008-2012 ҷомеаи шаҳрвандиамон дар Тоҷикистон сарбаландона ва бидуни тарсу таҳдиди мақомот рисолати худашро дуруст анҷом диҳад. Соли 2015 соли саркӯб ва пароканда кардани ҷомеа шаҳрвандӣ тавассути мақомот буд вв дар ҳамон сол яке аз такягоҳҳои асосӣ ва ҳомии ҳуқуқии журналистон ҳам худи Нуриддин Қаршибоев буд.

Нуриддин Қаршибоев дар даҳ соли ахир аз ҷумлаи он журналистонест, ки аксари вақт дар сафар аст. Ба ҳисоби миёна ҳар моҳ як ё ду сафар дорад. Сафарҳои ӯ дохилӣ ва муъзами онҳо ҳам хориҷианд. Ӯро дар маҳфилҳои журналистӣ ва дар ҷомеаи шаҳрванди ҳамчуни «сафири фарҳангиёни тоҷик» ва рӯзноманигори ҷаҳонгард низ мешиносанд.

Ӯ ба ҷои сафарноманависӣ аксар вақт гузоришҳои тасвирӣ аз рафти сафарҳояш нашр мекунад.  Пинҳокориро дӯст намедорад, вале таърифу тавсифи ҷову маконҳои навдидаашро хеле меписандад.

Вай дорандаи чандин ҷоизаву мукофотҳои ватанӣ ва хориҷӣ аст, аз ҷумлаи дорандаи нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон»-и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, доранди Ҷоизаи махсуси Медиа Алянси Тоҷикстон ба унвони «Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон» мебошад.

Нуриддин Қаршибоев дар тӯли фаъолияти кориаш зиёда аз 600 мақолаву очерк ва маърӯзаҳои илмӣ-омӯзишӣ навиштааст.

Вай ташаббускори даҳҳо тарҳҳои хурду миёна дар ҳимоят аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои миллӣ мебошад. Инчунин ӯ иштирокчии садҳои конфронсу нишастҳои илмӣ ва соҳавии ватанӣ, минтақаӣ ва байнулмиллалӣ аст.

Забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва анлисиро хуб медонад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *