Рубрики Хабарҳо

114 ҳолати фавқулъода дар се моҳ

Давоми се моҳи сипаригардида дар қаламрави Тоҷикистон 114 ҳодисаи фавқулода ба қайд гирифта шуд, гузориш медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон. Аз ин шумора 6 ҳодиса ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат зарар расонидааст, ки маблағи умумии он ҳудуди 1 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад

«Инчунин дар ин давра бар асари омадани сел 1 нафар ва фаромадани тарма 2 нафар сокинони мамлакат ба ҳалокат расиданд», — омадааст дар иттилои манбаъ. 

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, генерал-лейтенант Рустам Назарзода 13 апрел зимни баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи ин ниҳод ба масъалаи ҳодисаҳои омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг таваҷҷуҳ зоҳир намуда, масъулинро ҷиҳати андешидани тадбирҳои саривақтӣ вазифадор кард.

«Диққати асосӣ ба тадбирҳои соҳилбандӣ, корҳои ҳаррӯзаи қувваҳои ҳарбӣ, таъмини ақибгоҳ, истифода, ҳифз ва таъмири техника ва силоҳҳо, риояи интизоми ҳарбӣ, фароҳам овардани шароит барои хизмати ҳарбии сарбозон равона гардид»,- омадааст дар иттилоияи Кумита.

Ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон ҳаво якбора номусоид гашт. Дар натиҷа, дар минтақаҳои Тоҷикистон борон, барф борид. 

Ҳамчунин, обуҳавошиносони Тоҷикистон боз ҳушдор додаанд, имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борони бошиддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр боридани барф аз эҳтимол дур нест.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *