Рубрики Хабарҳо

Ҳинд ба ҷои масҷиди Бобур маъбади Рам месозад

Ҳукумати Ҳинд, ба ҷои масчиди  Бобур, ки эътирозгарони бутпарасти ҳинду валангор карда буданд, бунёди маъбади “худо”-и Рам оғоз бахшид.  

Сарвазири Ҳинд Нарендра Моди барои таҳкурсии маъбаде, ки дар шаҳри Айодҳаи Уттар Прадеш сохта мешавад, хишти нуқрагин гузошт.

Аммо макони маъбад баҳсбарангез аст: ҳам мусулмонон ва ҳам ҳиндуҳо онро аз они худ мешуморанд.

Дар соли 1992 миллатгарои ҳиндуҳо Масҷиди Бабурро хароб карданд ва изҳор доштанд, ки он дар воқеъ дар ҷойи маъбади худои ҳинду  Рам сохта шудааст.

Пас аз вайрон кардани масҷид байни мусалмонон ва ҳиндуҳо низоъҳо ба вуқӯъ пайваст.

Дар ин ҷо беш аз чоряк аср  аст, ки баҳси ҳуқуқӣ  миёни муслимину бутпарастон бобати бунёди масчид, ё маъбадаи Рам давом  мекунад.

Сарвазир  нахустин хишти нуқрагини таҳкурсии маъбадро дар ин маросим гузошт.

Ҳиндуҳо аз манотиқи мухталифи кишвар барои барқарор кардани маъбад нуқра ва тилло фиристоданд.

Маросим инчунин дар кӯчаҳо тавассути экранҳои бузург намоиш дода шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *