11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Инқилобе, ки дар он ҳаст шуур

Додхоҳӣ ва адолатталабии мардуми боиззат ва сарбаланди Белорус қобили қадр аст!

Бархеҳо ин додхоҳии мардуми Белорусро ба маънои барҳам задани суботу оромӣ маънидод мекунанд. Аммо фаромӯш набояд кард, ки дар адабиёти сиёсӣ ва ҷомеашиносии рӯзи ҷаҳон асоситарин асли сулҳ адолат аст. Агар аз назари таърифи илмӣ сулҳ се бахш дошта бошад, адолат яке аз синонимҳои сулҳ аз нигоҳи илм аст. Сулҳе, ки фоқиди адолат аст, аз назари донишмандони имрӯз пазируфтанӣ нест. Аз ин рӯ адолатталабии мардуми Белорус на танҳо барҳам задани сулҳу субот нест, балки ниҳодина кардани сулҳ ва аз инҳисору гаравгон озод кардани сулҳу субот аст!

Ман соли 2009 дар Белорус будам. Ҳамон замон моту маҳбути самимият, оромтабиатӣ, мардумдорӣ, тамкин ва лабони ҳамеша моил ба табассуми ин мардуми исловитабор гашта будам.

Хезиши ин шабу рӯзи мардуми Белорус ҳам намунаи хосе аз хезишҳои мардумӣ аст. Хезиши бошуурона ва огоҳона. Белорусиҳои боиззат ба хушунату саркӯбгариҳои лукашенкоёна бо сабр, бо гул, бо ханда, бо даст ба дасти ҳам додан, бо оромона берун рафтан аз низоми саркӯбагар ва бо …. ҳазорон-ҳазор амали дигари посух доданд. Ин буд, ки қувваи қаҳрия — пулис, амният, неруҳои вижа аз хушунати хеш шарм карданд . Ҳоло аст, ки бо нишони эътироз рутбаву юниформу силоҳу санади худро месупоранду тарки вазифа мекунанд ва ба мардум мепайванданд.
Қувваи қаҳрия мавҷ-мавҷ бо адолатталабон мепайвандад.

Маро чизи дигаре ҳайрон кард. Амалкарди бемисли хатмкардаҳои мактабҳое, ки ифтихорномаву медолҳои мактабҳоро бурда ба мактабҳо супурданд, ки мо намехоҳем ба мактабҳое ифтихор кунем, ки дар тақаллуби интихобот даст доранд ва хилофи иродаву орои мардум кор карданд. Фалсафа ва паёми ин амалкард маҳдуд ба ҷуғрофиёи Белорус намешавад. Дар ҳар ҷойе, ки ин хиёнати миллӣ сар мезанад ин фалсафа ва ин паём ҳойизи аҳаммият аст.

Бо ин таҳаммул, бо ин шикебойӣ, бо ин бурдаборӣ, бо ин иродату гулбороне, ки хезиши мардуми Белорус рӯз аз рӯз густураву вусъат пайдо мекунад, билахира Лукашенко ҳам шояд шарм кунаду сарнавишти мардумр ба дасти худи мардум бисупорад.

Шуур ва огоҳӣ дар ҳар ҷойе ва ҳар коре чорасоз аст!

Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигор
Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф

Эътирози бесобиқа дар Минск

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *