Таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва раиси ҳукумати Тоҷикистон маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи бемории сироятии короновирус ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, супориш дод, ки ба хотири рафъи камбудию мушкилоти пешомада аз тамоми имконот васеъ ва самаранок истифода бурда, дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба истеҳсолу захираи маводи кофии озуқаворӣ ва риояи қоидаҳои санитарӣ ба роҳ монанд.
Пас аз шунида шудани ҳисоботи вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода оид ба ҷараёни иҷрои Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ба Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки барои татбиқи пурраи ин Барнома аз тамоми имкону захираҳо ва таҷрибаи пешқадам истифода баранд.
Гуфта мешавад, мақсади асосии барномаи мазкур ин амалӣ намудани сиёсати ҳукумати кишвар оид ба рушди соҳаи тухмипарварӣ, навъсанҷӣ, селексияи растанӣ, инчунин татбиқи бомуваффақияти он ва бунёди соҳае мебошад, ки дар мутобиқат бо стандартҳои байналмилалӣ фаъолият намояд.
Ба масъулини вазорати кишоварзӣ бобати истифодаи самараноки замин, интихоби тухмиҳои хушсифату серҳосил дар вақти кишти зироатҳо ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ дастуру супоришҳо дода шуд.
Зикр мегардад, ки ба ҳукумати мамлакат ва сохторҳои дахлдор доир ба таъмини саривақтии маошу нафақа супоришҳо дода шуд.
Гуфтанист, ингуна супоришҳои роҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон маъмулан дар ҳар як ҷаласаи ҳукумат садо медиҳанд. Аммо ҳамоно руи қоғаз мемонанд.