Обанбори Норак пурра бо об пур шудааст. Имрӯз 2 сентябр сатҳи об дар ин обанбор ба болотарин нишондиҳанда расидааст.
Тибқи нишондиҳандаҳо, барои пурра бо об пур шудани обанбор сатҳи об бояд ба 910 метр расад. Дирӯз баландии об дар обанбор ба 909 метру 69 см растда буд.
Ҷараёни оби дарёи Вахш дар ноҳияи обанбори Норак ба 869 кубометр дар сония баробар будааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 346 кубометр камтар гуфта мешавад.
Тибқи иттилоъи бахши энаргетикӣ, ҳоло дар кишвар дар шабонарӯз беш аз 43,5 млн. кВт/с барқ истеҳсол мешавад.
Қаблан “Барқи Тоҷик” хабар дода буд, ки бинобар камобӣ содироти барқ ба Ӯзбекистону Афғонистон қатъ гардидааст. .
Тибқи омори ин соҳа дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба Афғонистон 546,6 млн. кВт/с ва ба Узбекистон 358,3 млн. кВт/с барқ содир шудааст.