Рубрики Хабарҳо

Ато Муҳаммад Нур ва Арг ба тавофуқи аввалия расиданд

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи кишвари Афғонистон гуфтааст, ки ихтилофот миёни Арги раёсатҷумҳурӣ ва Ҳизби ҷамъияти исломӣ бар сари раҳбарии вилояти Балх, дар ҳоли ҳал шудан аст.

Ба гузориши “Daily Afghanistan”, оқои Абдуллоҳ рӯзи душанбе дар ҷаласаи Шӯрои вазирон ба ин масъала ишора кард, аммо ҷузъиёти бештаре дар ин маврид ироа надод.

Арги раёсатҷумҳурӣ ҳудуди се моҳи пеш эълом кард, ки раисҷумҳур Ғанӣ истеъфои Ато Муҳаммад Нурро аз вилояти Балх пазируфта ва муҳандис Муҳаммад Довудро ба унвони волии ҷадиди Балх гумоштааст.

Аммо оқои Нур истеъфои худро рад кард ва гуфт танҳо дар сурате аз мақоми вилояти Балх канор меравад, ки Ҳизби ҷамъияти исломӣ мувофиқат кунад.

Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон низ ба ин масъала ба шиддат вокуниш нишон дод ва тасмими Арги раёсатҷумҳуриро дар ин маврид»ғайримуваҷҷаҳ» хонд.

Пас аз ин моҷаро намояндагони Арг ва Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон зиёда аз 10 бор бо ҳам гуфтугӯ намуданд, аммо тамоми ин музокирот бенатиҷа анҷомид.

Ҳафтаи гузашта Раиси амнияти миллии Афғонистон Маъсум Истанакзай ва раиси дафтари президент Ғанӣ Салом Раҳимӣ ба вилояти Балх рафтанд то бо Ато Муҳаммад Нур ва намояндагони Ҳизби ҷамъияти исломӣ дидор ва гуфтугӯ намуда, масъаларо ҳал кунанд.

Пас аз ин мулоқотҳо намояндагони ҳукумат ба расонаҳо гуфтаанд, ки ҳукумат ва Ҳизби ҷамъияти исломӣ ба тавофуқи аввалия расидаанд. Аммо дар бораи ҷузъиёти он ишорае накардаанд.

Ба гуфтаи манобеъ, ҳукумат ба Ҳизби ҷамъияти исломӣ ду вазорат ва ду муъовини вазорат ваъда кардааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки яке аз аъзоёни Ҳизби ҷамъият волии ҷадиди Балх таъйин хоҳад шуд.

Аммо то ҳол мақомоти расмии Арг ва Ҳизби ҷамъияти исломӣ дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *