Фактҳои ҷолибе аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар назди додситонҳо
Имрӯз, 13-уми март раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни касбии кормандони мақомоти додситонӣ, бо онҳо мулоқот ва суханронӣ кард. Паём тасмим гирифт муҳимтарин масоили зикршуда дар суханронии тӯлонии раисҷумҳурро пешкаши хонандагон созад.
Изҳори қаноатмандӣ аз фаъолияти додситонӣ
Роҳбарияти мамлакат фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, дар маҷмӯъ, мусбат арзёбӣ менамояд.
Ҳанӯз аз оғози даврони истиқлолият кормандони прокуратура бо хизмати содиқонаи худ намунаи олии хизмат ба Ватанро нишон дода, дар шароити муқовимати шадиди мусаллаҳона дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифаи муқаддаси хешро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ сарбаландона иҷро намуда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки волоияти қонун асоси онро ташкил медиҳад, саҳми арзанда гузоштанд.
Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши муҳимми мақомоти прокуратура дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, моддиву техникӣ ва кадрии он тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Афзоиши ҷиноят
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи даҳ соли охир шумораи ҷиноятҳо дар кишвар, дар маҷмӯъ, қариб ду баробар, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин зиёда аз ду баробар, тасарруфи молу мулк ва қаллобӣ қариб ду баробар, авбошӣ ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ якуним баробар афзудааст. Шумораи ҷиноятҳои бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир алоқаманд низ тамоюли зиёдшавӣ дорад.
Боз фурӯши замин
Бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 31 январи соли 2006 дар заминҳои барои дурнамои рушди шаҳри Душанбе пешбинигардида сохтмони асосӣ ва шинонидани ниҳолҳои бисёрсола манъ шудааст, вале талаботи он бештар аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Варзоб ва Рӯдакӣ риоя намегардад.
Дар натиҷаи суст будани назорати прокурорӣ дар 8 ҳазор гектари ин заминҳо, аллакай, манзилҳои истиқоматӣ, иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасониву маишӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва биноҳои дигар бунёд карда шудаанд.
Дар ноҳияи Рӯдакӣ якчанд гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ошкор карда шудаанд, ки ба хариду фурӯши замин, махсусан, заминҳои таъиноти кишоварзӣ машғул буданд. Чунин қонуншиканиҳо дар аксари вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мушоҳида мешаванд.
Ман борҳо гуфта будам ва ҳоло бори дигар таъкид менамоям, ки агар прокурорҳо дар фаъолияти худ ба бемасъулиятӣ роҳ намедоданд ва иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба замин дар маҳалҳо дуруст назорат мекарданд, ин ҳолат рух намедод.
Ҳамчунин, мувофиқи мақсад аст, ки дар Прокуратураи генералӣ сохтори алоҳида доир ба назорати риояи қонунгузории замин ва дар мақомоти поёнии прокуратура воҳиди алоҳидаи ёрдамчии прокурор оид ба масъалаи мазкур таъсис дода шавад.
Адами ибтикор
Дар Паёми худ ман масъалаи бо маҳсулоти хушсифат таъмин намудани аҳолӣ ва пешгирӣ кардани воридоти маҳсулоти пастсифат, бахусус, маводи хӯрокворӣ ва дорувориеро, ки ба талаботи бехатарӣ мутобиқ нест, махсус зикр намудам.
Баъди муҳокимаи масъалаи зикршуда дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат тамоми мақомоти назоратӣ, аз ҷумла прокуратура миқдори зиёди маводи хӯроквории пастсифат ва хатарнокро ошкор намуданд.
Вале саволе ба миён меояд, ки барои чӣ сохторҳои назорати санитариву фитосанитарӣ, байторӣ, стандартизатсия ва ҳатто прокурорҳо ин ҳолатро то аз тарафи Роҳбари давлат ба миён гузоштани масъала ошкор накарданд?
Фасоди густардаи молӣ
Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар масъалаи хариди давлатии мол ва иҷрои корҳои сохтмон аз ҳисоби буҷет, истифодаи грантҳои давлатӣ ва хориҷӣ, пардохти музди меҳнат, ҷамъоварии андоз ва пардохтҳои гумрукӣ ҳолатҳои зиёди сӯйиистеъмол аз вазифа ва дигар қонунвайронкуниҳои мансабӣ ҷой дошта, чунин вазъ ба рушди бомароми соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ монеа эҷод менамояд.
Мақомоти прокуратура дар давоми даҳ соли охир вобаста ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ 1285 парванда, доир ба ҷиноятҳо дар соҳаи андоз қариб 700 ва гумрук беш аз 200 парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, зарари расонидашударо ба маблағи зиёда аз якуним миллиард сомонӣ ба буҷет барқарор кардаанд.
Мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои назоратӣ (пеш аз ҳама прокурорҳо) мебошад. Вале таҳлилҳои гузаронидаи худи шумо собит месозанд, ки дахолати беасос ва ғайриқонунӣ ба фаъолияти соҳибкорон хеле зиёд аст.
Дар давоми солҳои 2007-2016 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 13 ҳазор ҷинояти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 1500, Вазорати маориф ва илм зиёда аз 800, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 500, Вазорати корҳои дохилӣ қариб 600, Вазорати энергетика ва захираҳои об 340, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 242 ва Кумитаи андоз беш аз 200 ҷиноят рост меояд.
Аз соли 2010 инҷониб, дар маҷмӯъ, нисбат ба 2300 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳарбӣ ва судҳо, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ — 696, мудофиа — 539, амнияти миллӣ — 545, гумрук — 109, андоз — 124, адлия — 81, Гвардияи миллӣ — 78, Шӯрои адлия ва Суди Олӣ — 53, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ — 30, Агентии назорати маводи нашъаовар — 23 ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 19 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Лекин боиси таассуф аст, ки баъзе кормандони мақомоти прокуратура худашон ба кирдорҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва дигар амалҳои номатлуб даст мезананд ва ба номи давлат ва Ҳукумат иснод меоранд.
Тайи даҳ соли охир 46 нафар кормандони мақомоти прокуратура барои содир намудани амалҳои бадномкунанда, аз ҷумла 28 нафар барои содир намудани ҷиноят аз сафҳои мақомот хориҷ карда, 24 нафари онҳо барои содир намудани кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ва нисбат ба 64 нафар чораҳои ҷавобгарии интизомӣ татбиқ гардидаанд.
Фаромӯш набояд кард, ки кормандони прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҷассумгари сиёсат ва симои давлат мебошанд.
Ҷаримаи волидон, экстремизму терроризм ва маводи мухаддир
Мақомоти прокуратура дар даҳ соли охир бо сабаби риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 26 300 нафарро ба ҷавобгарии интизомиву маъмурӣ кашида, нисбат ба се ҳазор нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудаанд.
Бо пешниҳоди Прокуратураи генералӣ 17 созмону ҳаракат ва гурӯҳу равияҳо бо қарори суд экстремистиву террористӣ эътироф гардида, аввалин Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм таҳия ва тасдиқ карда шуд.
Тавре ки чанде пештар зикр карда будам, дар 23 соли охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 120 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла беш аз 34 тонна героин мусодира намудаанд. Ин миқдор маводи мухаддир метавонист боиси ба бемории нашъамандӣ гирифтор шудани 53 миллион нафар гардад.
Танҳо соли сипаришуда мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муомилоти ғайриқонунии қариб чоруним тонна маводи мухадирро пешгирӣ кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2016 беш аз як тонна зиёд аст. Дар ин раванд фаъолияти 139 гурӯҳи нашъаҷаллоб, аз ҷумла 7 гурӯҳи муташаккили ҷинояткор қатъ карда шудааст.
Қатъи 160 парванда аз 243000
Аз ҷумла, танҳо дар давоми даҳ соли охир аз рӯи натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда зиёда аз 243 ҳазор санади эътиноии прокурорӣ татбиқ гардида, барои роҳ додан ба қонуншиканиҳо 234 ҳазор нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ кашида шуда, 19 440 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки қариб сеюним ҳазори онро ҷиноятҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ташкил медиҳанд.
Масалан, бо сабаби пурраву ҳаматарафа тафтиш нагардидани ҳолатҳои парванда ва роҳ додан ба дигар қонунвайронкуниҳо, дар маҷмӯъ, қариб 1200 адад парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла аз ҷониби судҳо 534 парванда ба тафтиши иловагӣ баргардонида шудааст. Баъди тафтишоти иловагӣ қариб 800 парванда дубора ба судҳо ирсол гардида, 160 парвандаҳои ҷиноятӣ аз тарафи худи мақомоти тафтиш қатъ карда шудаанд
160 парвандаи қатъгардида бошад, нишон медиҳад, ки ҳамин қадар айбдоршавандаҳо беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд..
Аз ҷониби судҳо дар даҳ соли охир 38 нафар пурра сафед карда шудааст….
Дар ҳамин ҳол
Ҳамчунин, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба кофтукови ҷинояткорони аз тафтишот ва суд пинҳоншуда бояд беҳтар карда шавад. Зеро то охири соли гузашта аз шумораи умумии чунин шахсон ҳамагӣ 27 фоизашон дастгир карда шуда, шумораи хеле зиёди онҳо то ҳол дар кофтуков қарор доранд.