Рубрики Хабарҳо

Абдусалом Одиназода: «Рӯшанфикроне, ки раисҷумҳур ба онҳо муроҷиат кард, рӯшанфикрони замони гузаштаанд» (Видео)

Абдусалом Одиназода, олими тоҷики муқими Устролиё ба ин назар аст, рӯшанфикрони тоҷик, ки раисҷумҳур ба онҳо муроҷиат кард, рӯшанфикрони замони гузашта ҳастанд.

“Худи раисҷумҳур ҳам як нафари замони гузашта аст ва бахши бузурге аз мардуми мо ҳам инчунин. Онҳо ҳамагӣ медонанд, ки замони дигаре дар ҳоли омадан аст ва дар ин замон ҷои муносибе барои бисёре аз одамони замони гузашта вуҷуд надорад.” — гуфт Одиназода жар посух ба суоли Паём.

Ба бовари Абдусалом Одиназода, воқеан андешаи рӯшанфикрони замони нав, ки аксарашон дар хориҷ қарор доранд, барои онҳое, ки дар ватан рӯшанфикр шуморида мешаванд, бегонаанд.

“Мо ба аксари рӯшанфикроне, ки алъон дар кишвар мақом доранд лозим надорем. Муттаассифона, арзиши рӯшанфикрони аз замони Шӯравӣ бозмонда зиёд нест. Замоне, ки русҳо омаданду Осиёи Марказиро забт карданд, майдони фарҳангие эҷод карданд, ки куллан холӣ буд. Холӣ аз ҳар чизи арзишманд. Русҳо ҳама чизҳои арзишманди фарҳанги моро решакан карданд ва дар майдон танҳо хору шӯраҳое монд, ки худрӯ буд. Мо онро фарҳанг пиндошта қадр мекардем. Чунки чизи дигаре намонда буд ва дастрасӣ ба адабиёту фарҳанги воқеъии тоҷикӣ надоштем”. таъкид мекунад Абдусалом Одиназода.

Ин донишманди тоҷики муқими Устролиё меафзояд,  “Ин муроҷиати раисҷумҳур, ки онро ҳатман ҳамин рӯшанфикрон омода кардаанд, нолаи насли кӯҳна, рӯшанфикрони замони Шӯравӣ аст, ки бояд ба ошғоли таърих партофта шаванд ва ҷойро барои нухбагони нави адабиёту фарҳанг холӣ кунанд. Чун онҳо аз аз даст додани мақоми имрӯзаи худ сахт метарсанд”

Сӯҳбати пурааи Абдусалом Одиназодаро инҷо тамошо кунед:

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *