Рубрики Хабарҳо

Додгоҳи конститутсионии Туркия истирдоди Сӯҳроби Зафарро манъ кард

Бо қарори додгоҳи конститутсионии Туркия истирдоди раҳбари ҳаракати “Гурӯҳи 24” Сӯҳроби Зафар ва намояндаи ин ҳаракат дар Туркия Насим Шарипов ба Тоҷикистон манъ шудааст.

Дагир Хасавов, вакили чечентабори Русия дар саҳифаи фейсбукиаш нусхаи ин қарорро нашр карда гуфтааст, ки дигар ба Сӯҳроби Зафар ва Насим Шарипов хатари истирдод таҳдид намекунад.

“Акнун мо фурсат дорем, ки барои пурра наҷот додани Сӯҳробу Насим кор барем” — гуфтааст Хасавов.

Раҳбари ҳаракати “Гурӯҳи 24” Сӯҳроби Зафар ва Насим Шарипов рӯзи 19 март аз тарафи пулиси Истамбул боздошт шуда буданд. Тибқи иттилоъи Дагир Хасавов консулгарии Тоҷикистон талаби истирдоди онҳоро карда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *