Баҳсҳои охир дар мавриди “тоҷикӣ” ва ё “порсӣ” (“форсӣ”) номидани забони давлатии Тоҷикистон баёнгари сиёсӣ шудани ин мавзуъ шудааст. Ҳеч зарурати чунин таҳаввул ёфтани масъала набуд, чунки он на фақат масъалаи сиёсӣ нест, балки аз он манфиати сиёсӣ гирифтан ҳам ночиз аст. Аслан, қотеона ва яктарафа нуқта гузоштан ба ин баҳс аз тарафи Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи одоби илмӣ набуд. Бешубҳа, Фарҳод Раҳимӣ метавонад дар баҳс иштирок кунад, вале аз рӯи таомулоти илмӣ салоҳияти гуфтани сухани охирро дар ин мавзӯи забоншиносӣ ва таърихӣ надорад. Мувофиқи талаботи илмӣ, ҳатто худи забоншиносон ва таърихнигорон ин гуна салоҳият надоранд. Ҳақиқати илмиро танҳо дар натиҷаи баҳс метавон шинохт, дар ҳоле ки дар мавриди чӣ гуна номидани забони тоҷикон на ҳамаи донишмандон назари худро муайян кардаанд. Одоби илмӣ талаб мекунад, ки дари баҳс кушода монад, ҳатто агар назари ҳамаи донишмандони соҳа муайян ҳам бошад.
Бори дигар таъкид мекунам, ки баҳси номи забон масъалаи сиёсӣ нест. Аммо дахолати сиёсӣ дар ин мавзӯъ ихтилофи бештар дар ҷомеа, аз он ҷумла дар байни зиёиён ба вуҷуд меорад. Чунин таҳаввулот на фақат ба зарари ҷомеаи тоҷик аст, балки инчунин ба обрӯ ва эътибори сиёсатмадороне, ки дар ин масъалаи илмӣ дахолат мекунанд, зарба мезанад.
Бадбахтона, баҳсҳои охир на фақат ба талаботи илмӣ мувофиқ нестанд, балки баъзан аз доираи одоби инсонӣ ҳам берун шудаанд. Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нафарони гумном (мустаор) бо баҳонаи баҳси забон иддае аз зиёиёни кишварро чун “хиёнаткор”, “ватанфурӯш” ва “ҷосус” ном мебаранд ва гунаҳкор мекунанд. Чунин иттиҳомот на фақат раво нестанд, балки метавонанд ҷавобгарии ҳуқуқӣ дар пай дошта бошанд. Дориюши Раҷабиён, Исфандиёри Назар ва Абдуқодири Рустам дар мақолаҳо ва матлабҳои худ асосан аз сарчашмаҳои таърихӣ ва, бахусус, аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ иқтибосҳои фаровон оварданд. Дар ҳақиқат, Айнӣ забони тоҷиконро “форсӣ” меномид. Пас, “форсӣ” номидани забони давлатии Тоҷикистон ба маънои хиёнат ба манфиатҳои миллӣ нест. Балки он василаи худшиносии таърихӣ ва пайванди бевосита бо мероси маънавии шахсиятҳои барҷастаи таърихи миллат мебошад.
“Форсӣ” номидани забони тоҷикон дар ҳеч сурат набояд ба маънои манфиатҳои кишварҳои дигарро бартар гузоштан фаҳмида шавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои миллии тоҷикон, аз он ҷумла истиқлолияти миллӣ ва давлатдории демократиро кафолат медиҳад. Низоми ҳуқуқии Тоҷикистон дунявист ва дар ҳеч сурат бо низоми динии ҳамсоякишварҳо муқоисашаванда нест. Мо, тоҷикон, бояд ин дастовардҳоро ҳифз кунем ва таҳким бахшем. Барои ин, зарур аст, ки ҳамаи ҷонибҳо аз баҳри ихтилофҳои сиёсӣ ва идеологии худ гузаранд. Наврӯзи имсола беҳтарин фурсате барои ҷустуҷӯи ПАЙМОНИ УМУМИМИЛЛӢ аст. Ниёгони баруманду маърифатпарвар ва некуманиши мо рӯзи панҷуми Наврӯзи фархундапайро чун рӯзи парҳезкорӣ аз озори якдигар ва рӯзи оштӣ ва паймони умумӣ ҷашн мегирифтанд. Ҳанӯз ҳам дар деҳоти Ватани бостонии тоҷикон ин суннати нек роиҷ аст. Аз ин рӯ, ҳамватанони азизро даъват мекунам, ки сари мизи оштӣ нишинанд. Тарафҳои парешон бояд ҷамъ оянд, то ба ПАЙМОНИ УМУМИМИЛЛӢ бирасем.
Ҳафиз БОБОЁРОВ