Бинои навбунёд дар канори масҷиди Шайх Муслиҳиддин дар Хуҷанд, ки қарор буд мадраса шавад, китобхона хоҳад шуд. Сохтмони ин бино дар атрофи масҷиди марказии Хуҷанд чор соли пеш дар ҳоле оғоз шуда буд, ки дар шаҳри Хуҷанд, фаъолияти охирин мадрасаи динӣ бо номи «Имоми Аъзам” бо сабаби «номутобиқ будани бино” манъ карда шуд.
Он замон мақомоти уламои дини вилояти Суғд таъкид мекарданд, ки барои фаъолияти дубораи ин мадрасаи динӣ сохтмони як бинои нави мутобиқ барои мадрасаи динӣ бо ҷалби соҳибкорон оғоз шудааст.
Аз аксҳое, ки аз сӯи намозгузорони масҷиди ба номи Шайх Муслиҳиддини Хуҷанд ба сомонаи «Ахбор” ироа гардид, ба назар мерасад, ки ҳоло бо анҷоми корҳои асосии сохтмонӣ маълум мешавад, ки ин бинои нав китобхона хоҳад шуд, на мадрасаи динӣ. Зеро алакай дар даромадгоҳи ин бинои навсохт Китобхонаи дасхатҳои нодир навишта шудааст.
Зимнан дар вилояти Суғд аз панҷ мадрасаи динии мутавасита ягон тои онҳо фаъолият намекунад. Ин панҷ мадрасаи динӣ дар гузашта дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият мекарданд.
Мақомоти ҳукумати вилояти Суғд сабаби фаъолият накардани ҳар кадом аз ин мадрасаҳоро дарёфт накардани иҷозатномаи вазорати маориф ва илми кишвар арзёбӣ карда буданд.
Мадрасаҳои динӣ баъд аз он, ки дар соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” қабул шуд, аз саби номи дубора гузаштанд, вале вазорати маориф ва илми кишвар бо сабаби гӯё номутобиқ будани биноҳо аз додани иҷозатнома ба ҳар кадоми мадрасаҳо худдорӣ кард ва ин сабаби манъи фаъолияти онҳо шуд.
Манъи фаъолияти мадрасаҳои динӣ баъзе аз сокинонро водор намуд, ки барои таҳсил ба мадрасаҳои динии хориҷи кишвар бираванд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судури қароре аз соли 2010 тақрибан тамоми шаҳрвандонеро, ки дар мадрасаҳои динии хориҷи кишвар ба таҳсил фарогирифа шуда буданд, ба ватан баргардонид. Ин қарори ҳукумат дар ҳоле содир ва рўи даст гирифта шуд, ки масоили гароиш ва шомилшавии ҷавононба гурӯҳҳои террористӣ мизони ру ба густариш пайдо намуд ва ҳукумат дар пешгирӣ аз ин зуҳурот даст ба чунин кор бурд. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ дар чанде аз баромаду суханрониҳояш, ки бо ширкати ҷавонон доир мешуд, аз ин зуҳурот бо исрор зикр мекард, ки бархе аз ҷавонони тоҷик ба мадрасаҳои динии хориҷи кишвар рафта, дар назди хоҷагонашон террорист ба воя мерасанд.
4.jpg»>
Ҳамингуна танҳо дар солҳои аввали баргардонидани толибилмони тоҷик аз мадрасаҳои динии хориҷиӣ, асосан Арабистони Саъудӣ ва Миср беш аз 620 нафар донишҷӯёни вилояти Суғд ба ватан оварда шуданд. Аммо он замон мақомот таъкид мекарданд, ки теъдоде аз ин шумор муҳассилин аз роҳи муҳоҷират дубора ба мадрасаҳои динии хориҷи кишвар бозгаштаанд.
Ҳоло ҳамаи мадрасаҳои динӣ дар сартосари кишвар бо сабаби носозгор будани биноҳояшон, ки муҷиби дарёфт карда натавонистани иҷозатнома аз ҷониби вазорати маориф ва илми кишвар шуда, баста гардиданд. Танҳо Донишкадаи исломӣ ба номи Имоми Аъзам, дар шаҳри Душанбе аст, ки муҳассилин дар он донишҳои исломӣ меомӯзанд. Донишкадаи мазкур то соли 2007 ҳамчун муассисаи таълимии мустақил фаъолият дошт, вале баъдан ба вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ гузашт ва ба муассисаи таълимии давлатӣ табдил ёфт.
Дар солҳои баста шудани мадрасаҳои динӣ мақомоти Тоҷикистон дар раванди таълим дар мактабҳо фанни наве бо номи «Маърифати ислом” ҷорӣ намуданд ва таъкид меварзиданд, ки ин фанн барои баланд бардоштани донишҳои исломӣ ба толибилмон дар системаи таълим ҷорӣ карда шудааст. Дарси «Маърифати Ислом ” танҳо барои синфҳои 8 ва соате дар як ҳафта дар мактабҳо ҷорӣ карда шуд. Вале ин иқдоми вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳам дер давом накард ва фанни «Маърифати Ислом” аз барномаи таълимӣ дар мактабҳобардошта шуд.
Аммо дар робита ба ин мавзуъ баъзе коршиносон масоили динмегӯянд, дар сурате, ки ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ягон мадрасаҳои динӣ фаъол нестанд, пас ҷавонон чӣ гуна дар куҷо таълими динӣ бигиранд? Вуҷуди ин мушкил, мегўянд коршиносон, мутаасифона бархе аз сокинонро боз ҳам барои рафтан ба мадрасаҳои динии кишварҳои хориҷ водор менамояд.
Иддае дигар таъкид меварзанд, ки ҳоло зарурати фаъолгардонии мадрасаҳо дар шаҳрҳои марказии Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, то аз раванди бозгашти дубораи донишҷӯён ба мадрасаҳои кишварҳои хориҷ ҷилавгирӣ шавад.
Қудратулло Назарзода, сардори раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд рӯзи 2 феврал дар нишасти матбуотиаш гуфт, ки аз соли 2017 то моҳи январи соли 2018, 14 нафар сокинони вилояти Суғд аз мадрасаҳои динии хориҷ баргардонида шуданд. Бино ба гуфтаи генерал Қудратулло Назарзода, дар ҳоли ҳозир 59 нафар сокинони вилояти Суғд дар мадрасаҳои динии хориҷи кишвар, назири Арабистони Саудӣ ва Миср боқӣ мондаанд, ки 38 нафари онҳо аз роҳҳои гуногун аз ҷумла аз роҳи муҳоҷират дубора ба мадрасаҳои динии кишварҳои Арабистони Саудӣ ва Миср рафтаанд.
Бознашр аз «Ахбор»