Рубрики Хабарҳо

Русия гирифторони коронавирусро ихроҷ мекунад

Русия мегӯяд, нақша дорад хориҷиёнеро, ки ба вируси нав олуда шудаанд, аз кишвар берун кунад. Чине, ки дар ҳолати инзивои бештар қарор мегирад, Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба он айбдор мекунад, ки ба ҷои расонидани кӯмаки муайян аз паҳншавии беморӣ, тарсу ҳаросро барангехтааст.

Сарвазири Русия Михаил Мишустин рӯзи 3 феврал дар ҷаласаи телевизионии ҳукумат гуфт, ҳамоиши солонаи сармоягузорӣ , ки қарор буд охири моҳ дар Сочӣ мегузашт, бо сабаби паҳншавии вирус ба таъхир афтод. Дар Русия ду ҳолати тасдиқшудаи вирус ба қайд гирифта шудааст, ки ҳардуи олудашудаҳо шаҳрвандони Чин мебошанд.

Бино ба гузориши Комиссиюни миллии тандурустии Чин, шумораи фавтидагон аз вируси нав, ки бори аввал дар моҳи декабр ошкор шуда буд, то 2 феврали соли ҷорӣ ба 361 нафар мерасад. Дар як рӯз шумори қурбониёни вирус босуръат зиёд шуда, 57 нафарро ташкил додааст. Мишустин гуфт: “Акнун ин (вируси нав) ба рӯйхати бемориҳои махсусан хатарнок илова карда шудааст. Ин ба мо имкон медиҳад, ки шаҳрвандони хориҷиро, ки гирифтори ин беморӣ буданашон тасдиқ мешавад, аз кишвар берун кунем.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *