Рубрики Хабарҳо

Украина ғаромати пешниҳоди Эрон барои қурбониёнро нокофӣ донист

Пардохти ғаромат барои ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорон ба ҳавопаймои украинӣ бар ӯҳдаи Эрон аст. Ғаромате, ки бино бар арзёбии коршиносон болиғ бар 150 миллион доллар мешавад. Украина ғаромати пешниҳоди Эрон барои қурбониёни украиниро нокофӣ медонад.  

Дар байни 176 қурбонии ҳамлаи мушакии падофанди ҳавоии Сипоҳи посдорон ба ҳавопаймои украинӣ хадама ва ду шаҳрванди украинии дигар низ вуҷуд доштанд. Ҷумҳурии Исломии Эрон бояд ба хонаводаи қурбониён ғаромат пардохт кунад. Рақами пешниҳоди Эрон аз назари давлати Украина нокофӣ аст. 

Хабаргузории Рейтерз бо интишори гузорише аз Киев, пойтахти Украина ба изҳороти Владимир Зелнеский, раисҷумҳури ин кишвар дар бораи сарнагунии ҳавопаймои украинӣ пардохтааст. 

Зеленский дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиони украинӣ 1+1 TV ғаромати пешниҳоди Ҷумҳурии Исломӣ барои пардохт ба хонаводаи қурбониёни ҳамлаи мушакии Сипоҳ ба ҳавопаймои мусофирбарии парвози 752 ин кишварро нокофӣ дониста ва хостори пардохти ғаромати бештаре аз сӯи Эрон шудааст. 

Раисҷумҳури Украина гуфтааст: “То он ҷо, ки ба тарафи эронӣ бармегардад, онҳо билофосила ба мо пешниҳоди пардохти 80 ҳазор доллар ғаромат барои ҳар хонавода карданд…ин рақам бисёр ночиз аст.” 

Эъломи ин мавзӯъ аз сӯии раисҷумҳури Украина дар шароите сурат мегирад, ки мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон то кунун дар бораи мизони ғаромат ба хонаводаи қурбониён расман иттилоъе расонаӣ накардаанд. 

Владимир Зеленский гуфтааст, ки давлати Украина бо эъмоли фишори бештар бар он аст то маблағи бештаре ба унвони ғаромат аз сӯи Эрон пардохт шавад. 

Баррасии ҷаъбаи сиёҳ 

Раисҷумҳури Украина дар гуфтугӯи худ бо шабакаи телевизионии ёдшуда ҳамчунин таъкид кардааст, ки ин кишвар ҳамчунон дар интизори таҳвили ҷаъбаҳои сиёҳ аз сӯи мақомоти Эрон аст. 

Мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон то кунун бар сари таҳвил ва баррасии иттилооти ҷаъбаҳои сиёҳи ин ҳавопаймои мусофирбарӣ изҳороти мутаноқизӣ доштаанд. Дар ҳоле, ки бархе аз масъулони эронӣ бар баррасии иттилооти ҷаъбҳаи сиёҳи ин ҳавопаймо дар Эрон исрор меварзанд, бархе дигар ба камбуди техникии лозим барои баррасии иттилооти ҷаъбҳаи сиёҳ дар дохили Эрон эътироф кардаанд. 

Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада пеш аз ин эълом карда буд, ки Ҷумҳурии Исломӣ фановарии лозим барои анҷоми ин корро дар ихтиёр надорад ва бояд баррасии иттилооти ҷаъбаи сиёҳ бар уҳдаи кишварҳои дигар ва аз ҷумла Фаронса қарор гирад. 

Ҷумҳурии Исломии Эрон хисороти ношӣ аз ҳамлаи мушакии Сипоҳ ба ҳавопаймои мусофирбарӣ украиниро байни 100 то 150 миллион доллар баровард кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *