Вазароти дифоъи миллии Туркия бо интишори баёнияе эълом кард: Дар ҳоле, ки маҳалли истиқрори неруҳои эъзоми кишвар ба Идлиб ба манзури ҷилавгирӣ аз даргириҳо дар ин минтақа аз пеш ҳамоҳанг шуда буд, аммо дар натиҷаи ҳамалоти тӯпхонаии режими Асад 4 тан аз сарбозони ғаюри меҳан ба шаҳодат расида ва 9 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Бар асоси ин баёния ҳоли яке аз маҷрӯҳин вахим аст.
Дар ин баёния таъкид шуд: Билофосила нерӯҳои кишвар дар амалиёти мавозеъи шиносоӣ шударо ҳадаф қарор доданд. Таҳаввулот пайгирӣ мешавад ва тадобири лозим иттихоз шудааст.
Иброҳим Колин, сухангӯи риёсатҷумҳури Туркия дар вокуниш ба кушта шудани 4 тан аз нерӯҳои кишвараш тавассути режими Асад дар Идлиб дар твиттери худ навишт: “Билофосила посухи ин ҳамла, ки нақзи тавофуқи Идлиб буд додем. Хуни сарбозони Туркия поймол нахоҳад шуд. Омилон бояд ҳисоб пас диҳанд”.
Дафтари матбуотии вазороти дифоъи миллии Туркия эълом кардааст:
Дар ҳоле, ки маҳалли истиқрори нерӯҳои мо дар минтақаи коҳиши таниши Идлиб ба манзури ҷилавгирӣ аз даргириҳо дар ин минтақа аз пеш ҳамоҳанг шуда буд, аммо бар асари ҳамлаи ҳамалоти тӯпхонаи режими Асад 4 тан аз онҳо ба шаҳодат расида ва 9 тани дигар осеб диданд. Нерӯҳои Туркия билофосила мавозеъи муҳоҷимонро шиносоӣ карда ва онро ҳадаф қарор доданд. Таҳаввулоти пайгирӣ ва тадобири лозим иттихоз шудааст.