Ширкати “Вавилон-Мобайл” (Babilon-Моbile) дар арафаи соли нави тақвимӣ дар Тоҷикистон барномаи ҷадидеро зери унвони “MobiГап” муаррифӣ кард.
“MobiГап” барномаест, ки муштариёни Вавилон-Мобайл бо насб кардани он дар телефонҳои ҳамроҳашон метавонанд, аз беруни Тоҷикистон бо нархи 03 дирам ба дигар рақамҳо дар дохили ин шабака гуфтугӯ намоянд. Ҳамчунин дорандагони ин барнома, ки дар хориҷи Тоҷикистон басар мебаранд, метавонанд ба дигар рақамҳои ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон бо қимати 12 дирҳам сӯҳбат намоянд. Тамоми зангҳои аудиоӣ, видеоӣ ва ирсоли паёмакҳо байни дорандагони ин барнома мисли WhatsApp ва Viber ройгон сурат мегирад.
Ба гуфтаи мутаххассиони ин барнома ба қайдгирӣ дар барномаи «MobiГап» танҳо аз рақами «Вавилон-Мобайл» гузаронида мешавад, ки баъд аз насб аз рӯи рӯйхати тамосҳои телефонии Шумо ба таври худкор мувозинати худро меёбад ва муайян мекунад, ки кадоме аз тамосҳои Шумо аллакай «MobiГап» – ро насб кардаанд.”
Барномаи “МobiГап” айни замон дар фурӯшгоҳҳои интернетӣ вуҷуд надорад, аммо масъулини ин ширкат эълон кардаанд, ки дар наздиктарин фурсат онро дар тамоми фурӯшгоҳҳои интернетӣ ворид мекунанд, то муштариён тавонанд онро барои дилхоҳ барномаҳои телефонҳои ҳамроҳ боргирӣ (скачать) ва насб намоянд.
Барномаи “МobiГап” дар ҳоле рӯи кор хоҳад омад, ки 18-уми декабри соли 2017 Хадамоти алоқа дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи андоз барномаҳои шабакаҳои насли оянда “NGN”-ро дар Тоҷикистон қатъ кард ва масъулини Хадамоти алоқа ва андоз эълон карданд, ки қасд доранд барномаҳои “WhatsApp”, “Viber” ва дигар паёмакрасонҳоро низ қатъ кунанд.