Рубрики Хабарҳо

Эътирозот дар бархе манотиқи Эрон ба хушунат кашида шуд

Эътирозоти шаби якшанбе ҳам дар бархе аз манотиқи Эрон идома доштааст. Ба гузориши расонаҳои эронӣ ва ғайри эронӣ аз ҷумла ВВС, имшаб дар ҷараёни эътирозот ду нафар ба ҳалокат расидаанд.

Намояндаи устони Луристон дар Маҷлиси Эрон, Ҳидоятуллоҳ Ходимӣ, бо таъйиди кушта шудани ду нафар аз эътирозгарон дар ин устон, ба хабаргузории ИЛНО гуфтааст, ки: “Мардум дар идомаи эътирозоти худ шишаҳои бархе аз бонкҳоро шикаста ва таҷаммӯъро то нимаҳои шаб идома доданд ба тавре,ки сабаби халал дар амнияти дигар шаҳрвандон шуд. Аз ин рӯ полис, барои барқарории назму оромиш вориди амал шуд.”

Як рӯз пеш ҳам дар шаҳри Дурӯди устони мазкур ду нафари дигар ҳам кушта шуда буданд.

Эътирозҳои ахир дар Эрон, рӯзи 28 –уми декабри соли гузашта аз шаҳри Машҳади Эрон дар эътироз ба мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо таҷммӯъи мусолиматомези мардум, шурӯъ шуд. Эътирозгарон бар зидди Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури феълӣ ва ҳукумати Эрон шиор медоданд. Сипас доманаи эътирозот ба дигар манотиқи Эрон кашида шуда бо хушунат ҳамроҳ шуд ва тибқи иттилои расонаҳо то имрӯз 10 нафар кушта, даҳҳо захмӣ ва садҳо дастгиршударо дар пай доштааст.

Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки аз онҷо, ки Машҳад яке аз пойгоҳҳои қавии Саидиброҳими Раисӣ, рақиби асосии Ҳ.Рӯҳонӣ,  дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон буд, бинобар ин, эҳтимол меравад рақибони усулгарои Рӯҳонӣ дар эътироз ба сиёсатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳукумат ва амал накардан ба ваъдаҳои интихоботӣ, ташкилкунандагони ин эътирозҳо бошанд.

Аммо як рӯз баъд ва дар идомаи кашида шудани эътирозҳо ба дигар манотиқ, шиорҳо ва самти эътирозҳо дигар шуд ва гурӯҳҳои дигаре аз мардум дар ҳимоят ва ё мухолифт аз ҳукумат, ба майдон омаданд.

Вокунишҳои хориҷ аз Эрон, ба ин ҳаводис гуногунанд. Бештарин вокунишҳо то имрӯз аз сӯи мақомоти амрикоӣ будааст. Аз ҷумла, Никӣ Ҳейлӣ намояндаи Амрико дар Созмони Милал, бо ҳимоят аз эътирозҳо гуфт: “Мардуми Эрон, ки барои муддати тӯлонӣ саркӯб шудаанд, ҳоло доранд садои худашонро пайдо мекунанд.”

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амркио ҳам эътирозгаронро сулҳҷӯ номида дар саҳифаи худ дар Твитер навишт: “Эрон бо собиқаи зиёди нақзи ҳуқуқи башар, ки дар ҳар соат рӯх медиҳад, ҳоло интернетро таътил кардааст, то эътирозгарони сулҳҷӯ тавони барқарории иртиботро надошта бошанд.”

Карл Билдт, ноиби раиси Шӯрои равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, ҳам дар паёми Твитерии худ гуфт: “Шакке вуҷуд надорад, ки эътирозот дар Эрон густариш меёбад, ҳарчанд мумкин аст дар ибтидо тавассути тундравҳо барои тазъифи Руҳонӣ анҷом шуда бошад, аммо возеҳ аст, ки акнун моҳияти он иваз шудааст”.

Аммо, вокунишҳо дар дохили Эрон ҳам яксон нестанд. Аз ҷумла субҳи имрӯз беш аз 750 нафар устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Эрон, дар як номае, ки дар расонаҳои Эрон нашр шуд,  аз мақомоти кишварашон талаб карданд, ки бевосита дар миёни мардум ҳозир шуда, барои ҳалли мушкилоти онҳо иқдом кунанд. Аз ҷумла дар номаи мазкур чунин омадааст: “Муддатест садои эътироз ба тангии зиндагӣ ва фасоди иқтисодӣ ва нодида гирифта шудани ҳуқуқи миллат тавассути бархе мутахаллифон давлатӣ ва хусусӣ баланд шудааст. Адами посухгӯӣ, тавҷеҳ ва вогузор кардани мушкилот ба далелҳои хориҷӣ ё табиӣ, боре аз масъулияти шумо посухгӯён дар ҷумҳурии исломӣ кам намекунад, зеро, ки қабули масъулият, зимни қабули ҳамаи ин мусибатҳо ва мушкилот будааст.”

Аммо, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, дар авалин вокуниши худ, бо қабули инки эътироз ҳаққи қонунии мардум аст,  гуфт: “Тибқи қонун асосӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ, мардум дар баёни интиқодот ва ҳатто эътирозашон комилан озод ҳастанд”.

Ба гузориши хабаргузори Форс, Рӯҳонӣ бо ишора ба ин, ки эътирози мардум танҳо ба дастгоҳи иҷроӣ нест, гуфтааст, ки “Мардум мехоҳанд дар бахши қонунгузорӣ, иҷроӣ, судӣ ва дигар бахшҳои кишвар, масоил, ошкоро барои онҳо шарҳ дода шавад то битавонанд қазовати дақиқ дошта бошанд.”

Рӯҳонӣ дар мавриди вокуниши раиси ҷумҳури Амрико ҳам изҳори назар карда гуфтааст, ки Трамп ҳақ надорад, барои мардуми Эрон дилсӯзӣ кунад: “Ин оқое, ки имрӯз дар Амрико мехоҳад бо мардуми мо ҳамдардӣ кунад, ёдаш рафтааст, ки чанд моҳ пеш миллати Эронро террорист номид. Ин одаме, ки сар то пояш алайҳи миллати Эрон аст, ҳақ надорад барои мардуми Эрон дилсӯзӣ кунад.”

Дар гузашта чунин эътирозҳо дар Эрон зиёд буд, аммо дар муддати ду чаҳор солае, ки ба истилоҳ қудрати дастгоҳи иҷроӣ дар дасти ислоҳталабони Эрон аст, ин аввалин бор аст, ки чунин эътирози саросарӣ сурат мегирад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *