Рубрики Хабарҳо

Қозии бритониёӣ ба муттаҳами ироқӣ: мухолифи Қуръону Ислом амал кардаӣ!

Бино ба гузориши пойгоҳи хабарии»Ал-Ҷазира», ҷумъаи дирӯз 23 март, маҳкамаи қазоии пойтахти Бритониё — шаҳри Лондон, паноҳандаи 34 солаи ироқиро баъди кӯшиши таркондани бомби худсохт дар қатораи пуриздиҳом маҳкум ба зиндон кард.

Бомби гузоштаи ин паноҳҷӯи ироқӣ пурра натаркид, вале дастикам 30 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ҳафтаи гузашта Аҳмад Ҳасан барои кӯшиши куштори мусофирони қатора дар роҳ ба сӯи Лондон дар таърихи 15-уми сентябри соли гузашта айбдор шуд.

Пулиси Лондон дар робита ба ин таркиш мегӯяд, хушбахтона  бо сабаби халал дар таркиби маводи дохили бомб, он то охир натаркид.

Маҳкамаи «Old Billy»-и Лондон ин муттаҳами ироқиро ба ҳукми абад, ки ҳадди ақал 34 солро бояд дар маҳбас гузаронад, маҳкум кард.

Ҳасан соли 2015 ҳамчун сайёҳ ба Британиё омада буд, вале баъди боздошташ ба мақомот гуфтааст, ки се моҳ дар қисми ҳарбии ДОИШ тамрин гирифтааст.

Он инфиҷори бомби худсохт дар қатораи мусофиркаши ҳомили 93 нафар дар истгоҳи Борсунз Грин дар шаҳри Фулҳом, сабаби оташ гирифтани яке аз вагонҳои қатора шуд, вале бинобар ба шакли комил натаркидани бомб, талафот бузург набуд.

Мақомоти марбута меафзоянд, ки ин ҳодиса панҷумин ҳуҷуми калонтарин дар соли 2017 буд.

Қозии додгоҳи Лондон дар хитоб ба Ҳасан гуфт: «бояд бидонӣ, ки Қуръон китоби салом аст,  ва Ислом дини салом».

“Дар ҳақиқат Қуръону Исломро бо амалҳои ношоистаи худ мухолифат кардӣ, чуноне ки қонунҳои тамоми миллатҳои мутамаддинро мухолифат кардӣ. Ҳоло дар зиндон фурсати зиёде дорӣ, то Қуръонро биёмӯзӣ» — гуфт дар идома қозии додгоҳ.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *