Рубрики Хабарҳо

Интихоботи президентии Миср оғоз шуд

Дар Мисри араб интихоботи президентӣ аз имрӯз оғоз гардида, 3 рӯз тӯл хоҳад кашид.

Интизор меравад, ки Абдулфаттоҳ сӣсӣ, президенти феълии Миср дар ин интихобот пирӯз шавад. Чун бисёре аз номзадҳои аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф аз рақобат дар ин интихобот канорагирӣ карданд.

Мӯсо Мустафо, рақиби ягонаи оқои Сисӣ аст, ки аз маъруфияти сиёсии зиёде бархурдор нест. Мӯсо Мустафо худ аз ҳомиёни Абдулфаттоҳ Сисӣ буда, изҳор намудааст, ки ҷонибдори барномаҳои пеш аз интихоботии президенти феълии Сисӣ мебошад.

Барои ширкат дар ин интихобот дар ибтидо 7 нафар номзад шуданд, аммо аксарияти онҳо аз ширкат дар рақобатҳо канорагирӣ карданд.

Холид Алӣ, вакили дифоъи ҳуқуқи башар ва Аҳмад Шафиқ, нахуствазири собиқи Миср, ки метавонист аз асоситарин рақиби Сисӣ бошад, аз ҷумлаи афроде ҳастанд, ки аз ин рақобатҳо канора гирифта ва гуфтанд, ки ин тасмими онҳо ба далели «фишору таъқиб» гирифта шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки охири ҳафтаи гузашта Абдулфаттоҳ Сисӣ, президенти феълии Миср, ки дар интихоботи навбатӣ ҳамчун номзад ширкат мекунад, зимни як баромадаш ошкоро изҳор намуд, ки курсии президентиро ба осонӣ соҳиб нашудааст ва ба ин содагӣ ва ба ин наздикиҳо ба каси дигар доданӣ нест.

Ӯ гуфт, ки айни ҳол ба ҷуз худаш касеро шоиста ба ин курсӣ намебинад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *