Дар вилояти Кемеровои Русия, дар натиҷаи сухтори маркази тиҷоративу фароғатии «Зимняя вишня» 52 нафар кушта шуда, беш аз 40 нафар замхӣ ва 36 нафари захмишудагон ба бемористон интиқол дода шудаанд. Ҳолати 12 нафаре, ки ба бемористон интиқол ёфтаанд, ниҳоят вахим арзёбӣ шудааст.
Тавре расонаҳои русӣ хабар додаанд, наздик ба 70 нафар одамон, аз ҷумла 40 нафар кудакон бедарак шудаанд.
Сӯхтор дирӯз, 25-уми март дар ошёнаи чаҳоруми бино сар задааст. Ин маркази фароғатию тиҷоратӣ, ки гуфта мешавад, ҳудуди он шомили истгоҳи мошинҳо, фурӯшгоҳ, боулинг, маркази кӯдакон ва толори синамо буда, ба 23 ҳазор метри мураббаъ мерасад.