Рубрики Хабарҳо

The Diplomat:  Раҳмон шахсан тиҷорати маводи мухаддирро контрол мекунад

Нашрияи маъруфи The Diplomat таҳқиқоти Бардия Раҳмонӣ, мушовири байналмиллалӣ дар бахши амниятиро дар мавриди даст доштани мақомоти Тоҷикистон дар тиҷорати маводи мухаддир . Ин нашрияи маъруф, ки дар Ҷопон мустақар аст, яке аз маъруфтарин нашрифҳои Осиё мебошад ва бештар таҳқиқот ва таҳлилҳои сиёсӣ нашр мекунад.

Ин ҳам тарҷумаи мақолаи The Diplomat:

Тибқи таҳқиқоте, ки як мақоми назоратии ҳукумати ИМА, 17 соли кӯшишҳои ИМА дар мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон натиҷаи “ҷузъӣ”-е доштаанд. Новобаста аз он, ки аз соли 2001 Иёлоти Муттаҳида  барои пешгирӣ аз истеҳсол ва фурӯши маводи мухаддир дар ин кишвар 8,6 миллиард доллар масраф карданд, кишти хашхош (мак) дар соли 2017 ба баландтаринсатҳи худ расид ва ин ҷараён майле ба камшавӣ надорад.

Дар ҳоле, ки сиёсати зиддимухаддароти ИМА дар Афғонистон дар ҳоли рушд аст, ба ҳамсояи шимолии ин кишвар — Тоҷикистон диққати камтаре дода мешавад. Тоҷикистон кишвари транзити бузурги мухаддароти Афғонистон аст, ки тибқи баҳогузории соли 2012, 30 дарсади он тавассути ин кишвар ба Русияву Аврупо мераванд. Аз соли 2005 ИМА барои пешгирии интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон 125 миллион доллар дар шакли тайёрии ҳарбӣ ба сарҳадбонони тоҷик, таҷҳизот, васоити нақлиёт ва зерсохти амниятӣ кӯмак карданд.

Даҳ соли кӯмак камтарин садамае ба тиҷорати маводи мухаддир тавассути Осиёи Миёна ворид накард. Баръакс, кӯмаки низомии ИМА  ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон фурсат дод назораташ болои тиҷорати маводи мухаддирро шиддат бахшад ва вазоратхонаҳои саркӯбгарро маблағгузорӣ кунад, то мухолифиони сиёсиашро бо баҳонаи ҷанг бо маводи мухаддир канор занад.

Тибқи ҳисобот, гардиши маводи мухаддир тавассути Тоҷикистон дар соли 2011 2,7 миллиард долларро дар солро ташкил медод, ки шояд бештар аз ҳар манбаъи даромади қонунӣ дар кишвар буд. Ин як манбаъи хуби даромаде барои раҳбарони низомӣ ва сиёсатмадорони тоҷик, аз ҷумла мансабдорони давлатӣ буд, ки тавассути рэкет ва қочоқ ба он дастрасӣ доранд. Замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон тиҷорати маводи мухаддир яке аза манобеъи асосии даромад ҳам барои ҳукумат ва ҳам барои қумондонҳои мухолифин буд. Баъди анҷоми ҷанг дар соли 1997, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бахши соягии раванди сулҳ буд ва қумондонҳои ҳарду ҷониб дар ҳукумат мансаб гирифтанд ва барои гирифтани даромад тавассути шабакаҳои ҷиноии худ ҳамкорӣ мекарданд. Яке аз натоиҷи кӯмаккҳои ИМА таҳкими алоқа байни давлат ва ҷинояткорӣ шуд.

То соли 2004 давлати Тоҷикистон имкониятҳои маҳдуде барои муқобала бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар сарҳади тӯлонии худ бо Афғонистонро дошт. Аммо кӯмакҳо дар шакли нақлиёт ва таҷҳизоти махсус, сохтмони бунгоҳҳои сарҳадӣ ва гурӯҳҳои махсуси зиддимухаддарот назорати саҳадро бамаротиб таҳким бахшиданд. Ин монеъагузорӣ барои ҳаракати амвол ва одамон имкони бештари даромад ба хидматгузорони давлатиро дод. Барои мисол гузаштан аз бунгоҳҳои мобилӣ ба постҳои собити марзӣ қисми ҷудонашавандаи институтикунонии фасод аст, чун ин постҳо барои ҷамъоварии ришва хидмат мекунанд.

Парадокс: кӯшишҳои хориҷиҳо барои беҳтар кардани вазъи сарҳад имкони давлат барои гирифтани даромад аз маводи мухаддирро боло бурданд. Дар натиҷа, новобаста аз он ки имкониятҳои Тоҷикистон барои пешгирӣ аз интиқоли маводи мухаддир бештар шуданд, нишондиҳандаао баръакс аз соли 2001 камтар гаштанд, вале даромади давлат аз маводи мухаддир бештар шуд. Тақвиятёбии потенсиал барои мубориза бао маводи мухаддир барои шаклгирии иттиҳоди стротежи байни ҷинояткорон ва мансабдорони давлатӣ мусоидат кард. Аз як тараф тоҷирони маводи мухаддир мекӯшанд аз ҳимояи давлат бархӯрдор шаванд, аз тарафи дигар мансабдорон алоқаманди пайдо кардани дастрасӣ ба даромадҳои бузург аз тиҷорати маводи мухаддир ҳастанд. Дар натиҷа ин ба созиши бештар байни давлат ва ҷинояткории муташаккил дар самти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир оварда расонидааст. Яке аз манобеъ нақл мекуна, ки чӣ гуна мансабдорони давлатӣ нақлиётеро, ки кишварҳои Ғарб барои кӯмак кардаанд, барои интиқоли маводи мухаддир дар тамоми кишвар истифода мекунанд. Ин “чораҳо” ҳам даромади ширкатҳои ҷиноиро бештар мекунад, ҳам имконияти давлат барои гирифтани маблағи иҷора аз онҳоро. Дастрасии осон ба фоида аз маводи мухаддир ба режими Раҳмон имкон дод бидуни додани ҳеҷ имтиёзи қобили таваҷҷӯҳе, дар ҳукумат бимонад.   

Кӯмаки Ғарб ҳамчунин мустақиман вазоратхонаҳои саркӯбгарро тақвият бахшид. Баъди соли 2006 сарҳадбонони тоҷик зери назорати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гузаронида шуданд. Нерӯҳои марзбонӣ яке аз аслитарин дарёфткунандагони кӯмакҳои хориҷӣ ҳастанд. Ҳамин тавр қисми асосии маблағҳои аз тарафи кӯмакрасонҳои ғарбӣ ҷудошаванда мустақиман ба хадамоти махсуси Тоҷикистон мераванд. Ҳамин ки маблағҳо ба хазинаи Кумитаи амният ворид мешаванд, тафтиши ин ки оё онҳо ба ҷои муқарраршуда масраф мешаванд, амалан ғайриимкон аст, чун хадамоти бехатарӣ ғайришаффаофанд ва дархостҳои ироаи махълумот ё ҳисобот бо баҳонаи амнияти миллӣ ба таври систематикӣ рад мешаванд.   

Билохира бо баҳонаи мубориза бо маводи мухаддир, барои режим имкон дод ҳокимиятро мутамарказ кунад. Бештари мансабдорони баландпояи Тоҷикистон дар раъси шабакаҳои ҷиноии хешовандӣ қарор доранд, ки ба рэкет ва интиқоли маводи мухаддир машғуланд, новобаста аз он ки аз наздикони Раҳмон ҳастанд ё иттиҳоди мухолифин. Вале чун худи Раҳмон муайян мекунад, ки кӣ бояд барои ҷиноятҳояш вобаста ба тиҷорати маводи мухаддир ба додгоҳ кашида шавад, дар аксари ҳолатҳо онҳое ба додгоҳу зиндон кашида шуданд, ки ё аз мухолифини раисҷумҳур буданд ва ё аз муттаҳидони ӯ, ки аз ҳад зиёд қудратманд шуданд.  

Барои мисол соли 2004 собиқ қумондони мухолифин Аҳмад Сафаров ба фурӯши маводи мухаддир мутаҳам шуд ва баъди юриши пулис аз кишвар фирор кард. Соли 2008 Нурмаҳмад Сафаров ва Сӯҳроб Лангариев, наздикони қумондонҳои баландпояи Фронти халқӣ дар натиҷаи як амалиёти бузурги зидди маводи мухаддир дар шаҳри Кӯлоб боздошт шуданд. Аз 60 нафар мухолиф, ки дар тақсими қудрат баъди ҷанги шаҳрвандӣ ширкат карданд, ҳамагӣ сеякашон мақомашон дар ҳукуматро ҳифз карданд, боқимондаҳо ё кушта шудаанд, ё дар фироранд ва ё маҳкум ба зиндон гаштаанд.

Ҳамин тавр сиёсати зидди маводи мухаддир ҳамон силоҳе шуд, ки бо кӯмакаш Эмомалӣ Раҳмон қудратро дар атрофи атрофиёни ҳамқабилааш мутамарказ намуд, назорат бар тиҷорати маводи мухаддирро ташдид кард ва  Созишномаи сулҳро пора сохт. Кӯмаки амрикоӣ ин равандро таъмини молӣ ва машрӯъият бахшид ва ба режим имкон дод бо баҳонаи мубориза бо маводи мухаддир мухолифонашро саркӯб кунад. Дар ҳамин ҳол, нозирони хориҷӣ саркӯбгариҳои Раҳмонро бештар чун талоши номукаммал аммо умедворкунандаи баркандани алоқа байни наркотерроризм ва терроризм баҳо медиҳанд, на чун стротежии тарҳрезишудаи тақвияти иртибот байни давлат ва ҷинояткорӣ.

Бо нигаронӣ аз иртибот байни муборизин ва тоҷирони маводи мухаддир, иёлоти муттаҳида ҳамин иртибот байни тоҷирони маводи мухаддир ва давлати Тоҷикистонро нодида мегиранд. Дар натиҷа кӯмаки ҳарбӣ ба ҳукумати Тоҷикистон, бо гумони ғолиб мушкилро на ҳал, балки амиқтар хоҳад кард. Новобаста аз ин, Вашингтон ният дорад кӯмаки низомӣ ба Тоҷикистонро дар соли 2018 ва 2019 идома диҳад. Дар ҳамин ҳол бинобар шояд назари бади Трамп ба кӯмакҳои хориҷӣ давлати Амрикоро водор ба ивази назар нисбати кӯмакҳо ба Тоҷикистон низ кунад.   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *