Рубрики Хабарҳо

Толибон: қонуни асосии ҷадиди Афғонистон ба зудӣ такмил мешавад

Сухангӯи давлати муваққати Толибон дар Афғонистон гуфт, ки кор бар рӯй такмили қонуни асосии ҷадид — ҷойгузини қонуни асосии қаблӣ идома дорад. 

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи давлати муваққати Толибон дар Афғонистон шаби шанбе изҳор дошт, ки кор бар рӯйи ташкили қонуни асосӣ ҷойгузини қонуни асосии қаблӣ ҷараён дошта ва ба зудӣ такмил хоҳад шуд. 

Вай тайи гуфтугӯ бо шабакаи “Тулӯъ”-и ин кишвар афзуд: “дар назар дорем, ки қонуни асосии ҷадид навишта ва тасвиб шавад ва аркони боқимондаи низом ҳам такмил ва бо вазъияти хубе пеш биравем.” 

Пас аз суқути давлати пешин, сарнавишти қонуни асосӣ дар Афғонистон ба сурати озмоишӣ боқӣ монд. 

Сиёсатмадорон қонуни асосиро яке аз ниёзҳои аслии кишвар дониста ва аз Толибон хостанд дар ин замина талоши ҷиддӣ анҷом диҳад. 

Гул Раҳмон Қозӣ, раиси пешини комиссияи мустақили назорат бар татбиқи қонуни асосӣ мӯътақид аст, ки набуди қонуни асосӣ мушкилоти зиёдеро ба ҳамроҳ хоҳад дошт. 

Вай гуфт: қонуни асосӣ асоси қонунгузории як давлатро ташкил медиҳад, қавонини мо аз қонуни асосӣ шакл гирифтааст. 

Сайид Исҳоқ Гелонӣ, раҳбари ҷунбиши ҳамбастагии миллии Афғонистон низ таъкид кард: “дар ҳоли ҳозир қонуне вуҷуд надорад, ки миллати Афғонистон битавонад худро бо он татбиқ диҳад. Давлат бояд ташкил шавад, Луи Ҷирга (Маҷлиси кабир) фаро хонда шавад, комиссияи қонуни асосӣ барои ташкили қонуни асосӣ шурӯъ ба фаъолият кунад ва дар ниҳоят, давлат бояд масъулиятеро бар ӯҳда бигирад ва ниҳодҳо дар парлумони ин кишвар посухгӯ бошад”. 

Гуфтанист Ҳайбатуллоҳ Охуандзода, раҳбари Толибон пеш аз ин дар дидор бо шуморе аз волиён “қонуни башарӣ”-ро беэътибор хонда ва гуфта буд пас аз ин тамоми тасмимот дар кишвар бояд бар пояи шариати исломӣ бошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *