Мақомоти Маскав ба ширкатҳои сохтмонии ин шаҳр шарт гузоштаанд, ки бояд шумори кофии “довталабон”-ро аз байни коргарони худ ба артиш ирсол кунанд. Дар акси ҳол таҳдид шудааст, ки ширкатҳо қарордодҳояшонро аз даст хоҳанд дод.
Дар ин бора Хадамоти ҷосусии Бритониё иттилоъ дода, гуфтааст, ки ин раванд аз ҷониби шахси шаҳрдори Маскав Сергей Собянин ҳимоя мешавад.
Ба гуфтаи манбаъ, чунин иқдом бештарин зарбаро ба ақаллиятҳои қавмии худи федератсияи Русия ва муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид хоҳад кард.
Дар сохтмонҳои Русия асосан муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Укроин ва ақаллиятҳои қавмии Русия фаъолият мекунанд. Дар ҳамин ҳол аксарияти қобили таваҷҷӯҳи сохтмончиён зодагони Тоҷикистону Узбекистонанд, ки қисмате аз онҳо дорои шаҳрвандии Русия низ ҳастанд.
Ба гуфтаи Хадамоти ҷосусии Бритониё бо ин иқдом Собянин талош мекунад таъсири ҷангро бар «маскавиҳои воқеӣ» ба ҳадди ақал бирасонад.
Қаблан мақомоти Русия кӯшиданд дар марказҳои бақайдгирии муҳоҷирон ҷалби онҳо ба артишро роҳандозӣ кунанд, аммо муваффақияти чандоне надоштанд. Тибқи маълумоте, ки “Паём” ҷамъоварӣ кард, дар замони шурӯъи ҷанг русҳо муваффақ шуданд қисме аз муҳоҷиронро бо ваъдаҳое мисли эътои шаҳрвнадӣ ва маблағҳои калон ба ҷанг алайҳи Укроин ҷалб намоянд, аммо баробари афзоиши қурбониёни ҷанг ва муваффақ нашудани Русия дар “амалиёти махсус”-аш сафи довталабон бо суръат кам шудан гирифт.
Русия бо тӯлонӣ шудани ҷанг дар Укроин дар пайи кашфи роҳҳои гуногуни ҷалби сарбоз ба артишааш аст. Ба хусус аз айни муҳоҷирон ва ақалиятҳои қавмӣ, то хабари эътирози худи русҳоро камтар кунад.
Яке аз чунин иқдомҳо, ки аз имрӯз, 11 июл ҳукми қонунӣ гирифт, ин аст, ки мақомоти БДА-и ин кишвар муваззаф шудаанд ҳуқуқи ронандагии онҳоеро, ки баъди гирифтани даъватнома аз рафтан ба комиссариятҳои ҳарбӣ худдорӣ мекунанд, маҳдуд созанд.
Кӯшиши ҷалби сарбози бештар аз ҷониби Русия дар ҳолест, ки дар Вилнюс, пойтахти Литва нишасти сарони кишварҳои узви НАТО дар ҷараён дорад. Янс Столтенберг, дабири кулли Созмони паймони Атлантики шимолӣ гуфтааст “мо дар ин нишаст сароҳатан эълом хоҳем кард, ки Укроин метавонад узви НАТО бишавад”.