Намозгузорони масҷиди шаҳри Котелникии Русия, ки дар авохир мавриди таъқиби мақомоти қудратии ин кишвар қарор гирифтаанд, дар наворе бо муроҷиат ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия хостори дахолати ӯ ба қонуншикании мақомоти қудратӣ ва таҳқири мусулмонон шуданд. Гуфтанист, таъқиби мусалмонони шаҳри Котелники, ки аксарияти куллашонро тоҷикони шаҳрванди Русия ташкил медиҳанд, пас аз як ин шаҳр шурӯъ шуда буд.
Намозгузорони масҷиди Котелники, дар е, ки дирӯз, 10-уми июл, дар сомонаи расмии Идораи динии мусалмонони вилояти Маскав нашр шудааст, мегӯянд рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 7-уми июли соли 2023, ҳангоми гузоштани намози ҷумъа гуруҳе аз кормандони ОМОН бо пойафзор вориди масҷид шуда, намозиро вайрон ва намозгузоронро таҳқир кардаанд.
Муроҷиаткунандагон дар ин навор мегӯянд “маъмурони ОМОН бо пойафзори кӯчагии худ вориди масҷиде, ки мо онҷо ибодат мекунем шуда, алайҳи намозгузорон аз нерӯ истифода карданд. дар масҷид занону кӯдакон низ ҳузур доштанд. Вақте намозгузорон, ки аксаран шаҳрвандони Русия ҳастанд, аз онҳо талаб карданд, ки сабаби чунин бархӯрдро шарҳ диҳанд, нерӯҳои интизомӣ аз сӯхторхомушкунак ба тарафи намозгузорон маводи дохили онро холӣ карданд”.
Онҳо ба қонунӣ будани фаъолияти Ҷамъияти мусулмонони шаҳри Котелники таъкид карда, мегӯянд он бо иҷоза ва имзои муфтии Русия Равил Гайнутдин таъсис ёфтааст.
Намозгузорон мегӯянд ҷамъияти онҳо ҳеҷ кӯмаке аз давлат намегирад ва аз ҳисоби худи намозгузорон фаъолият мекунад ва таъкид менамоянд, ки амалкарди маъмурони ОМОН “ба ҳамзистиву ягонагии байни миллатҳову динҳо дар ҷомеа латма ворид мекунад”.
Муроҷиаткунандагон таъкид кардаанд, ки “миёни намозгузрон иштирокчиёни амалиёти махсуси низомӣ ҳастанд. Вақте онҳо аз амалиёти низомӣ баргашта, дар хонаи худ ноадолатиро мебинанд, худро таҳқиршуда меҳисобанд”.
Ҳамчунин таъкид мешавад Ҷамъияти мусулмонони шаҳри Котелники зидди нақзи қонунҳои муҳоҷират аст, аммо онҳо наметавонанд нафароне, ки қонунро вайрон мекунанд дар масҷид пайгирӣ кунанд, зеро ин бояд аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор ва берун аз деворҳои масҷид анҷом дода шавад.
“Владимир Владимирович, мо ба шумо барои ҳимоя муроҷиат мекунем, аз шумо хоҳиш мекунем, ки ба ин вазъ дахолат кунед ва нисбат ба вайронкунандагони қонун чораҳои сахт бинед”, — мегӯянд муроҷиаткунандагон.
Гуфтанист, 7 июл кормандони ОМОН ба масҷиди Котелники дар ҳоле ворид шуданд, ки ҷамоъат намози ҷумъаро адо мекард ва хостанд онҳоро пароканда кунанд. Ба гуфтаи шоҳидон, нерӯҳои амниятӣ вориди масҷид шуда, мехостанд ҳамаи намозгузоронро аз масҷид берун кунанд, аммо ин кор ба онҳо муяссар нашуд.
Ин рафтори кормандони ОМОН-ро Идораи мусулмонони вилояти Маскав .
Дар ҷараёни ин амалиёт ҳудуди 70 нафар боздошт шуданд ва онҳо ба вайрон кардани қоидаҳои будубош муттаҳам гардиданд.
Қаблан, рӯзи 18 май маъмурони интизомӣ ба масҷид дар маҳаллаи Ҷанбуии шаҳри Котелникии вилояти Маскав ворид шуда, баъди кофтуков дари онро мӯҳр заданд. Ин вокуниши мақомоти интизомӣ ба шикояти гурӯҳе аз фаъолони ин маҳалла бо паёми видеоӣ ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфта мешавад.
Масҷиде, ки дар он асосан тоҷикон намоз мехонанд, дар як бинои ғайриистиқоматӣ байни ду бинои истиқоматӣ ҷойгир шуда ва чун маркази фарҳангии тоҷикон сабтином шудааст.
Намояндагони кумитаи тафтишот, ки ба масҷид омадаанд, тибқи қисми 1 моддаи моддаи 293-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия (хунукназарӣ), парванда оғоз намуда баъди азназар гузаронии бинои масҷид, кормандони масҷидро бозпурсӣ ва сипас дари онро мӯҳр задаанд.
Таъқиби мусалмонони Котелники аз он шурӯъ шуд, ки сокинони маҳаллии ин шаҳр ба Владимир Путин муроҷиат карда аз бунёди масҷид дар бинои истиқоматӣ шикоят карданд. Дар баробари ин, сокинон иддао мекарданд, ки намехоҳанд барои мусалмонон масҷиди алоҳида бунёд карда шавад.
Русия яке аз кишварҳоест, ки бо сохта шудани масоҷид дар қаламраваш бо шиддат мухолифат мекунад. Барои мисол, дар Маскаве, ки на камтар аз 4 миллион мусалмонон зиндагӣ мекунанд, танҳо 4 масҷид вуҷуд дорад. Яъне барои ҳар миллион нафар 1 масҷид.
Барои муқоиса: дар Киев, пойтахти Укроин, ки то шурӯъи ҳамлаи Русия ба он камтар аз 100 000 мусалмон зиндагӣ мекард, 11 масҷид вуҷуд дошт. Бештари ин мусалмонон баъди ҷанг ба Аврупо ҳиҷрат карданд, аммо дари масоҷид ҳамоно боз аст.