Пас аз маҳви нашъаҷаллоб дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, 8 нафарро ба хотири пешгирӣ аз сирояти коронавирус ба карантин гирифтанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар карантин сардори ШВКД-и ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, 3 корманди шуъба ва 4 табиб қарор доранд.
“Бо мақсади пешгирии сироят онҳоро дар беморхонаи ноҳия ба карантин гирифтанд, чунки онҳо бо ҷасади нашъаҷаллоб ва чизҳои ӯ сарукор доштанд. Дар онҳо ягон аломатҳои сирояти коронавирус ошкор нашудааст. Тибқи маълумоти гуногун, дар Афғонистон беш аз 1,5 ҳазор ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст”, — иттилоъ дод манбаъ.
Бино ба маълумоти ВКД, амалиёти боздошти нашъаҷаллоб шаби 10-уми апрел сурат пазируфт. Дар ҷараёни он нашъаҷаллоб – шаҳрванди Афғонистон Ғазнӣ Мустафо валади Абдулкарим муқовимат нишон дода, кушта шуд. Дар ҷойи ҳодиса 16 кило маводи мухаддир дарёфт гардид.