Собиқ сарвазири Гурҷистон, узви тими иқтисодии Михаил Саакашвили Ника Гилаури дар таҳияи пружаи Консепсияи ислоҳоти системаи андози Ӯзбекистон ширкат кардааст, хабар медиҳад UzDaily.
Асосгузор ва ҳаммудири ширкати “Реформатика” Ника Глаури дар ҷараёни баррасии Консепсия қайд кард, ки газарондани ислоҳот кори мураккабе аст ва ӯ инро аз таҷрибааш медонад. Глаури гуфт ҳамеша нафароне буданд, ки муқобилият мекарданд ва норозӣ буданд.
Ӯ гуфт интихоби замон барои ислоҳот хеле муҳим аст. Ба андешаи ӯ алъон дар Ӯзбекистон беҳтарин замон барои ислоҳоти системаи андоз аст.
Ника Глаури гуфт, ки чанд ҳафта аст дар Ӯзбекистон қарор дорад ва иқтисоди ин кишварро меомӯзад. Ҳамчунин бо намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ ва институтҳои молия вохӯриҳо анҷом медиҳад.
Ӯ қайд кард, ки бисёре аз созмонҳои байналмиллалӣ ва институтҳои молия бо шӯру шавқ ислоҳоти Ӯзбекистонро мушоҳида мекунанд. Ӯ илова кард, кӯшишҳои раисҷумҳури Ӯзбекистон барои ислоҳот дар кишварро ҷомеъаи ҷаҳонӣ дастгирӣ мекунад ва салоҳ нест идома дода нашавад.
“Ҳоло фурсатест, ки кишвар дар маркази диққати ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва сармоягузорон қарор гирифтааст ва бо истифода аз он мешавад сармояҳои хеле бузурге ва технологияҳои бузурге ба кишвар ҷалб кард ва ҷойҳои нави корӣ бунёд кард” — гуфт Глаури.
Раҳбари созмони “Реформатика” қайд кард, ки Кодекси андози амалкунанда яке аз факторҳои боздорандаи рушди иқтисоди Ӯзбекистон аст. Ӯ гуфт кодекси андоз барои кишварҳое чун Гурҷистон ва Ӯзбекистон бояд сода ва пешбинишаванда бошад ва барои ҳама шароити яксон фароҳам орад. Ин се фактор бояд дар кодекси андоз бошанд то бизнес рушд кунад, қайд кард ӯ.
Ӯ гуфт, ки дар омодасозии Консепсияи ислоҳоти системаи андози Ӯзбекистон ширкат кардааст ва ин ҳуҷҷат ҷавобгӯ ба ҳамаи стандартҳои байналмилалӣ мебошад. “Ин ҳатто яке аз пешрафтатарин намунаҳост, ки ба ман муяссар шудааст бинам” — қайд кард Глаури.
Ба андешаи ӯ ин ҳуҷҷат ба иқтисоди Ӯзбекистон имкон хоҳад дод, ки ҷаҳиши бузурге кунад ва инқилобе дар кишвар гардад. Ӯ даъват кард аз ислоҳот натарсанд ва дар баррасии ҳуҷҷат фаъолона ширкат кунанд.
Глаури хотиррасон кард, ки дар Грузия 21 намуди андоз вуҷуд дошт, ки баъди ислоҳот то 6 намуд кам гардид. Воридоти андоз зиёд шуданд, гуфт ӯ.
Ӯ қайд кард, ки баъди ислоҳоти андоз иқтисоди Гурҷистон 4 баробар рушд кард ва даромади буҷа 10 маротиба афзоиш ёфт. Шумори ширкатҳои қайдгириташаванда аз 3 ҳазор то 17 ҳазор афзоиш ёфт. Дар рейтинги Бонки ҷаҳонӣ Doing Business Гурҷистон аз ҷои 112-ум ба мақоми 8-ум баромад, илова кард ин коршинос. Саҳми сармоягузорӣ дар ММД-и Гурҷистон 10% мебошад.
Глаури гуфт гузаронидани ислоҳот дар Ӯзбекистон ба маротиб осонтар хоҳад буд. “Аввалан кишвар бузургтар аст. Сониян вазъ хеле беҳтар аз он аст, ки дар Гурҷистон буд, вақте мо ислоҳот мегузаронидем. Ва солисан шумо таҷрибаи Гурҷистонро наздатон доред, ки метавонед биёмӯзед ва баъзе чизҳоро аз он иваз кунед” — гуфт ӯ.