Рубрики Хабарҳо

Баррасии парвандаи раҳбари “Умед-88” паси дарҳои баста сурат мегирад

Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба зудӣ ба баррасии парвандаи молики ширкати “Умед-88” оғоз хоҳад кард. Тибқи иттилои Азия Плюс бо истинод ба манбаъаш, баррасӣ шояд охири ин ҳафта ё аввали ҳафтаи оянда оғоз гардад. Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсия ин парвандаро 20 май ба додгоҳ ирсол карда буд.

Тибқи иттилои мнабаъ баррасии парвандаи Раҷабалӣ Одинаев, молики ширкати “Умед-88” паси дарҳои баста сурат хоҳад гирифт, чун ба он мӯҳри махфӣ зада шудааст.  

Раҷабалӣ Одинаев тибқи моддаҳои 246 (дуздии маблағи ба қарз додашуда дар ҳаҷми махсусан калон), 264 (ғайриқонунӣ гирифтани қарз) ва 295 (сӯъистифода аз мақоми хидматӣ) КҶ ҶТ муттаҳам мешавад.

Ҳамроҳ бо Одинаев раҳбари ширкати “Умед-88” Идибек Иброҳимов ҳам дар курсии айбдоршавандагон хоҳад нишаст.

Раҷабалӣ Одинаев 14 октябрисоли 2017 боздошт шуд. Ӯ ба қаллобӣ, қочоқи мол, напардохтани андоз ва тақаллуби ҳуҷҷатҳо муттаҳам шуда буд.

Ширкати “Умед-88” беш аз 20 сол ба воридоти маводи гуногуни нафтӣ, асосан бензин ва дизел аз Русия ва Қазоқистон ба Тоҷикистон машғул буд. Баъди танқиди раисҷкмҳур Эмомалӣ Раҳмон аз Одинаев, ӯ боздошт гардид.

Сабаби мӯҳри махфӣ зада шудан ба парвандаи Раҷабалӣ Одинаевро дар таҳқиқоти журналистии “Паём” зери сарлавҳаи “Тӯҳфаи тиллоии Абдусалом Қурбониён”, ки ба зудӣ нашр хоҳад шуд, мутолиъа кунед.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *