Дар гузориши Созмони (Хабарнигорони бидуни марз) Тоҷикистон аз ҷиҳати озодии баён ва матбуот байни 180 кишвари ҷаҳон дар ҷои 149 қарор гирифтааст.
Ин Созмон ба як амри маъмулӣ табдил ёфтани зангҳои ҳаррӯзаи мақомот, бозпурсиву таҳдид ва тарс додани рӯзноманигоронро аз омилҳои асосии нигаронкунандаи вазъияти матбуот дар Тоҷикистон унвон кардааст.
Reporters without borders гузориши худ дар бораи Тоҷикистонро «Истиқбол аз «Пешвои миллат” унвон карда, ҳолати имрӯзии васоити ахбори умум дар ин кишварро “зиндонӣ” баҳогузорӣ кардааст.
«Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки худро «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” медонад, бештар ба худкомагӣ майл мекунад ва ин кирдори ӯ таҳдид ба истиқрори баҳамоии тоҷикистониён аст. Бо баҳонаи мубориза бо терроризм ҳукумати Тоҷикистон мухолифони сиёсии худ ва озодии матбуотро аз байн бурд” — омадааст дар гузориш.
Маврид ба зикр аст, ки тули се сол мешавад, Reporters without borders Тоҷикистонро дар мақоми 149-ум нигоҳ медорад. Ин дар ҳолест, ки тули ин се соли охир маҳдудияти озодии матбуот ба маротиб афзуда, чандин расонаҳои мустақил баста шуданд. Даҳҳо рӯзноманигорони машҳури тоҷик ба хотири фишори мақомот кишварро тарк гуфтанд.
Аммо ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки тули ду соли охир озодиҳое ба матбуот дода, маҳдудияти ҳуқуқи шаҳрвандон камтар шудааст, дар ҷои 165 -ум қарор дорад. Бинобар ин гуфтан мумкин аст, ки гузориш ва радабандии имсолаи Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” бе маълумоти наву воқеъӣ ва аз рӯи далелу санадҳои кӯҳна тартиб дода шудааст.
Reporters without borders (Хабарнигорони бидуни марз) як созмони байналхалқӣ мебошад, ки бештар ба ҳифзи озодии матбуот ва ҳуқуқи рӯзноманигорони ҷаҳон сару кор дорад. Ин созмон бар зидди сензура ва барои озод кардани рӯзноманигороне, ки бо сабаби фаъолияти касбии худ боздошт шудаанд ва ё мавриди таъқиб қарор гирифтаанд мубориза мебарад. Дар айни замон, Reporters without borders ба банди 19 Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон такя мекунад. Созмон соли 1985 дар Монпелли таъсис ёфтааст ва дафтари марказии он дар Парижи Фаронса мебошад.