Минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни виза дар Туркия то 90 рӯз боқӣ монанд. Қаблан тоҷикистониён ҳақи мондани то 30 рӯзро доштанд.
Тибқи фармони раисҷумҳури Туркия, ки дирӯз имзо шудааст шаҳрвандони се кишвари осиёимиёнагӣ — Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ва кишвари арабии Либиё ҳақи будубоши семоҳа дар Туркияро пайдо карданд.
90 рӯз дохили 180 рӯз аст. Яъне дар шаш моҳ шаҳрвандони мазкур, новобаста аз шумори сафарҳояшон ҳақи будубоши 90 рӯзаро доранд. Бо пурра шудани ин рақам, то гузаштани 180 рӯз аз аввалин рӯзи вуруд ба Туркия, дигар ҳақи вуруд ба ин кишварро надоранд.
Қаблан шаҳрвандони ин се кишвар ҳақи будубоши якмоҳа доштанд, аммо метавонистанд бо хориҷ ва аз нав ворид шудан, ҳатто дар як рӯз, бидуни ҳеҷ монеъа дар Туркия бошанд.