Медали тиллои варзишгари тоҷик Хушқадам Хусравов дар рӯзи сеюми мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштини самбо, ки дар пойтахти Руминия –шаҳри Бухарест доир шуд, Тоҷикистонро ба мавқеъи сеюм дар ҷаҳон баровард.
Чаҳор медали паҳлавонони тоҷик — як тилло ва се биринҷӣ боис шуд Тоҷикистон байни 80 кишвари ширкаткунанда дар ин мусобиқот ҷои сеюмро касб кунад.
Хушқадам Хусравов баъди Саймӯмин Раҳимов ва Беҳрӯзи Хоҷазода сеюмин паҳлавони тоҷик аст, ки сазовори унвони қаҳрамони ҷаҳон дар гуштини самбо мешавад
Хушқадам Хусравов дар сабқати самбои варзишӣ дар рақобатҳо дар вазни зери 62 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал баромад. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ Руслан Багдасаряни русиягиро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод ва барои аввалин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф гашт.
Инҷо лаҳзаҳоест ,ки дар торихи варзиши тоҷик ба хати зарин навишта мешавад .Инҷо ифтихору шарафу обруй барои миллату кишвар ба даст меояд .Аллоҳу Акбар !!!
Posted by on Sunday, November 11, 2018
Се медали биринҷиро Акмалиддин Каримов, Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сорбон Латифов ба тими Тоҷикистон оварданд.
Акмалиддин Каримовдар рақобатҳо дар вазни зери 57 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Карим Алланурови туркман, баъдан Адилет Саяжанови қазоқро шикаст дод. Вале дар даври баъдӣ аз Вахтанги Чидрашвилии гурҷӣ мағлуб гашт. Акмалиддин барои ҷойи сеюм бар Шаҳзод Тагиеви узбек ғолиб омад.
Беҳрӯзи Хоҷазода низ дар вазни зери 74 кило ба рақобатҳо аз даври дуюм шуруъ кард. Ӯ бар Артур Саркисян аз Украина, сипас бар Людовик Каваллера аз Фаронса пирӯз шуд. Вале дар даври баъдӣ аз Станислав Скрябини русиягӣ мағлуб гашт. Баъдан Беҳрӯз дар даври тасаллобаш Дониёр Бейшееви қирғизро шикаст дод ва барои медали биринҷӣ бар Ашот Мартиросян аз Булғористон дастболо шуд.
Медали сеюми биринҷиро ба мунтахаби ТоҷикистонСорбон Латифов дар сабқати самбои размӣ овард. Ӯ баъди ду пирӯзӣ дар даври сеюм қувваозмоиро ба Андрей Кучеренко аз Украина бохт. Сорбон барои ҷойи сеюм Борис Кандови булғорро шикаст дод.