Рубрики Хабарҳо

Таҳдиди тӯфон ва обхезиҳо дар якчанд минтақаҳои Русия

Як қатор шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Россия тули зиёда аз як ҳафта, дар ҳалқаи обхезии шадид қарор доранд. Махсусан дар вилояти Самара зиёда аз 200 маҳалли аҳолинишин зери обу гил мондааст. Кормандони хадамоти наҷотдиҳӣ даҳҳо сокини минтақаҳои хатарнокро ба ҷойҳои бехавф мекӯчонанд.

Дар устони Олтой бошад, дар пайи чунин офати табиӣ ҳолати фавқулода то ҳол амал мекунад.

Дар вилояти Воронеж баробари обхезӣ, тӯфони шадид низ пешгӯӣ гардидааст. Дар маҳалли обхезӣ айни ҳол садҳо нафар қарор доранд.

Талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шудааст ва баъзе аз расонаҳо тавсия медиҳанд, ки шаҳрвандон ба минтақаҳои номбурда сафар накунанд.

Маврид ба тазаккур аст, ки муҳоҷирони тоҷик низ, айни замон аз сафар ба минтақаҳои обхезӣ ва таҳдидкунандаи тӯфон дар Русия парҳез кунанд.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *