Рубрики Хабарҳо

Манъи вуруди 1300 адад сабукрав ба Тоҷикистон

Дар минтақаи гумрукии шаҳри Гулистони вилояти Суғд вориди наздик ба 1300 адад сабукравҳои Opel-у Mersedes-и истеҳсоли Олмон бо сабаби аз соли 2005 поин будани соли бароришашон манъ карда шудааст.

Тавре Сомонаи иттилоъ медиҳад, ин мошинҳои сабукрав қариб як моҳ боз дар минтақаи гумрукии шаҳри Гулистон, ки ба Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд тааллуқ дорад, нигаҳ дошта мешаванд.

Соҳибони чунин сабукравҳо, онҳое, ки ба воридоти мошинҳои олмонӣ машғул буданд, аз вазъи бавуҷудомада нигарон буда, мунтазиранд, ки масъулони гумрук ҳуҷҷати онҳоро расмӣ мекунанд, зеро ин мошинҳо замоне хариддорӣ ва тавассути кишварҳои соҳили Балтика, бо қатора роҳ сӯи Тоҷикистон баромадаанд, ки он вақт қарори манъи воридоти мошинҳои соли бароришашон то соли 2005 қабул нашуда буд.

Як корманди Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд гуфтааст, ки шумори сабукравҳои нигаҳдоришуда то ҳазору сесад адад буда, ҳамоно бидуни расмиёти гумрукӣ боқӣ мондаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон баъди гирифтани як пешниҳод дар оғози моҳи феврал аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ки ин ниҳод дар як нишаст мавзӯъи олудагии ҳаво аз дуди мошинҳои соли бароришашон куҳнаро баррасӣ кардааст, қарор қабул карда, тибқи ҳамин қарор шурӯъ аз санаи 15-уми феврали соли 2018 воридоти ҳамагуна мошинҳои соли бароришашон аз 2005 поёнро манъ кард. Ин қарори ҳукумат бояд сар аз санаи 1-уми апрели соли 2018 ба ҳукми иҷро медаромад. Аммо бо шитоб ва алакай аз 15 феврал ба иҷро даровардани ин қарор даҳҳо соҳибкорони воридкунандаи мошинро дар вазъи сарсонӣ гузошта, ҷайби онҳоро хароб кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *