Рубрики Хабарҳо

67 сокини зарардидаи Хуросон соҳиби замин шудаанд

Ба 67 сокини ноҳияи Хуросон, ки бар асари омадани сели рӯзи 14-уми майи соли равон манзилҳои зисташон хароб шуда буданд, ҳашт сотиқӣ замин  дода шуд.

Муродҷон Муйдинов, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон гуфтааст, ки заминҳои додашуда ба оилаҳои аз ҳодисаи табиӣ зарардида аз макони селроҳа дур мебошанд. Гуфта шуд, ки ҳоло ин оилаҳо дар  хаймаҳои муваққатӣ зиндагӣ доранд.

Кумакҳои хӯрокворӣ ва доруворию лавозимотӣ, 3 ҳазору 700 дона бомпӯш (шифер), 750 куб тахта, 78 тонна арматура ва 180 тонна семент фиристонда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмӯъ, 33 мошини пурбори кумаки ғизоӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва лавозимоти тиббӣ аз номи Эмомалӣ Раҳмон барои зарардидагони офати табиӣ ва табибону беморони ноҳияи Хуросон дастрас шудааст. 16 тонна картошка, 16 тонна пиёз, 16 тонна сабзӣ, 13 тонна орд, 9 тонна биринҷ, инчунин чортоннаӣ равған, макарон, сетоннаӣ марҷумак, ярмаи ҷав ва дигар анвои маҳсулоти ғизоӣ, ҷамъ 84 тонна (42 тонна барои хонаводаҳои осебдида ва 42 тонна барои табибону беморон) пешбинӣ шудааст.

Гуфтанист, оилаҳои аз ҳодисаи табиӣ зарардидаи Хуросон баъди ҳодиса ба куча рехта роҳи мошингардро баста, гуфтанд, ки мақомот аз онҳо хабар нагирифтааст ва касе аз ҳоли онҳо намепурсад.

Ҳоло бошад, мақомот ба тамоми вуҷуд кушиш мекунанд, дигар ҳолати воқеии зарадидагон аз чашми расонаҳо дур монад. Ин буд, ки санаи 30 май рузноманигори Азия плюс Абдуллоҳ Ғурбатиро нагузоштанд то ба хаймаи онҳо рафта аз ҳолашон пурсад. Дар 100-150 метр то ба хаймаи оилаҳои аз сел зарардида, шахсони номаълум Ғурбатиро дошта латукуб мекунанд. Аксари корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки латукуби Ғурбатӣ кори дасти худи мақомот аст. 

Дар ҳамин ҳол ба кумаки ба зарардидагон аз сел дар Хуросон додаи мақомот аксарият шубҳа мекунанд. Дар охир маркази таҳлилии ACCA  маълум карданд, ки 140 мошинҳое, ки ҳамчун ҳомили кумаки башардустонаи раисҷумҳур ба Суғд рафтанд, бор надошта, балки холӣ будаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *