Рубрики Хабарҳо

Дар Тоҷикистон теъдоди мардон аз занон зиёд будааст

Тибқи натиҷаҳои муқаддамотии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, шумораи аҳолии Тоҷикистон то 1 октябри соли 2020 ба 9 миллиону 661 ҳазору 600 нафар расидааст.  

Дар ин бора Гулнора Ҳасанзода, раиси Оҷонсии омор дар нишасти матбуотӣ хабар дода гуфт, шумораи аҳолии Тоҷикистон дар муқоиса бо натоиҷи барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010,  2 миллиону 97 ҳазору 100 нафар ё 27,7% афзоиш ёфтааст.

Мувофиқи маълумотҳои баруихатгирии охирин, аҳолии шаҳрҳо 2 миллиону 528 ҳазору 600  нафар, ё худ 26,2 фоизи аҳолии мамлакатро ташкил медихад.

Мувофиқи омори баруихатгирии аҳолӣ шумораи аҳолии деҳот 7 миллиону 133 ҳазор нафар ё 73,8 фоизро ташкил додааст.

Дар давоми 10 соли охир аҳолии шаҳрҳо 522 ҳазор нафар, ё худ 26 фоиз, аҳолии деҳот 1 миллиону 575,1 ҳазор нафар, ё худ 28,3 фоиз афзудааст.

Аз шумораи умумии аҳолии кишвар 4 миллиону 901 ҳазор нафарашро мардон ва 4 миллиону 706 ҳазору 600 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. 

Бо ин ҳисоб  дар Тоҷикистон, 140 ҳазору 400 нафар мардон зиёд ҳастанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон нишондиҳандаи теъдоди занон аз мардон зиёд аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *