Categories Хабарҳо

Изҳороти мақомоти ИМА, Англия ва Фаронса дар бораи ҳамлаи мушакӣ ба Сурия

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп тайи як суханрони телевизионӣ аз Кохи сафед гуфт, ман ба нерӯҳои ҳавоии Иёлоти муттаҳида дастур додам то таъсисоти кимиёвии режими Асадро ҳадаф қарор диҳанд.

Вай афзуд: ҳамалоти ҳавоии Амрико, дар ҳамроҳӣ бо Англия ва Фаронса ба аҳдофе буд, ки бо қобилиятҳои таслиҳоти кимиёвии режими Сурия иртибот доранд.

Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин зимни ҳушдор ба Русия ва Эрон хостори поён додани ҳимоят аз Башшор Асад шуд ва гуфт: аз Эрон ва Русия мепурсам: Чӣ навъ кишваре моил аст, ки бо омили куштори мардон, занон ва кӯдакони бегуноҳ ҳамкорӣ кунад?.

Трамп изҳор дошт: ҳадафи мо аз иқдомоти имшаб эҷоди монеъаи ҷиддӣ барои тавлид, густариш ва истифодаи дубора аз силоҳҳои кимиёвӣ тавассути режими Асад аст.

Дар ҳамин ҳол, вазорати дифоъи Амрико ҳам дар баёнияе эълом кард, ки дар амалиёти муштараки ин кишвар бо Фаронса ва Англия таъсисоти маркази таҳқиқоти илмӣ дар Ҳавмаи Димишқ ва ду таъсиси низомӣ ва маҳалли нигаҳдории таслиҳоти кимиёвии мутааллиқ ба режими Асад дар Ҳумс ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.

Аз сӯи дигар, Ҷеймс Метис, вазири дифоъи Иёлот муттаҳидаи Амрико дар нишасти расонаӣ дар Пентагон эълом кард: ҳамалоти низомӣ ба Сурия маҳдуд буда ва тарҳе барои афзоиши ин ҳамалот вуҷуд надорад.

Тереза Мей, нахуствазири Англия низ субҳи имрӯз эълом кард: ҷойгузине барои истифода аз нерӯи низомии Биритониё дар Сурия барои ҷилавгирии ҳамлаи химиёвии режими Асад вуҷуд надошт. Ин амалиёт маҳдуд буда ва дорои аҳдоф мушаххасе аст. Наметавон иҷоза дод истифода аз таслиҳоти шимиёӣ ба амре оддӣ табдил шавад.

Дар ҳамин замина, вазорати дифоъи Англия низ бо интишори баёнияе эълом кард, чаҳор ҷангандаи Торнодо J4-и ин кишвар як пойгоҳи мушакӣ дар Ғарби Ҳумсро бомбаборон ва мунҳадим кардааст.

Йенс Стонтенберг, дабири кулли Созмони паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) зимни ҳимоят аз ҳамла ба Сурия гуфт: ман аз иқдомоте, ки тавассути Амрико, Англия ва Фаронса алайҳи таъсисоти таслиҳоти кимиёвии режими Асад оғоз шуда, ҳимоят мекунам. Ин иқдом боиси коҳиши ҳамалоти баъдӣ алайҳи мардуми Сурия хоҳад буд.

Жан-Ив Ле Дриан, вазир хориҷаи Фаронса низ тайи суханоне гуфт, ки ин амалиёт дар ҳамоҳангӣ бо муттаҳидонамон сурат гирифтааст.

Флоранс Парли, вазири дифоъи Фаронса низ субҳи имрӯз дар нишасти хабарӣ изҳор дошт: дар ҳамоҳангии наздик бо нерӯҳои Амрико ва Англия иқдом ба амалиёт дар Сурия кардем.

Конодо ва Туркия низ аз ин ҳамалот ҷонибдорӣ карданд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *