Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер Шерзод Маҳмадҷоновро дар зиндони занона дар Норак ҷойгир кардаанд. Дар ин бораи Радиои Озодӣ бо истинод ба Шерзод Маҳмадҷонов хабар медиҳад.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Мамадҷонова 7 апрел бо иттиҳоми «тарафдорӣ аз ақидаҳои созмонҳои дар Тоҷикистон мамнуи «Гурӯҳи 24″ ва наҳзати исломӣ» ба 6 сол зиндон маҳкум карда буд. Вакили мудофеъ аз ҳукм норозигӣ кард, вале худи Шоҳида Маҳмадҷонова аз шикоят кардан ба зинаи болоӣ худдорӣ варзидааст.
Шерзод Маҳмадҷонов, ки бо номи «Абдураҳмон 09» дар хориҷ аз Тоҷикистон блогерӣ мекунад, гуфтааст, модарашро ҳамин ҳафта ба зиндони шаҳри Норак бурдаанд.
Маҳмадҷонова 3-юми феврали имсол аз сӯи маъмурони Шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат боздошт шуд ва то ин дам дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешуд.
Ба 6 сол зиндон маҳкум шудани Шоҳида Маҳмадҷонова танқидҳои зиёдро дар дохилу хориҷи кишвар ба миён овард. Иддае навиштанд, ки ӯро барои танқидҳои писараш ҷазо доданд. Мақомот ин гуфтаҳоро рад карданд.