Рубрики Хабарҳо

Волидони Мирсаидов 124 000 ҷуброн пардохт кардаанд

Хонаводаи Хайрулло Мирсаидов ба хазинаи давлат 124000 сомонӣ ҷуброни молӣ пардохт кардаанд. Додгоҳ ӯро барои азхудкунии ин маблағ гунаҳкор дониста ба 11 июн 12 соли зиндон мақкум карда буд.  

Хонаводаи ӯ гуфтаанд, пардохти ҷуброн ба ин маънӣ нест, ки онҳо ва вакилони Мирсаидов иттиҳоми додситониву додгоҳро эътироф мекунанд, балки ба он хотир аст, ки маблағ бо ҳукме, ки рӯзноманигор гирифтааст, муқоисанопазир аст.

Тибқи қавонини Тоҷикистон дар сурати содир кардани ҷинояти молӣ пардохти ҷуброни он имкон медиҳад ҷинояткор аз ҷазои ҳабс озод шавад. Волидони Хайрулло ҳам умед доранд, ки фарзандашон ба зудӣ озод шавад.

Хайрулло Мирсаидов замоне боздошт шуд, ки дар мактуби кушодааш ба раисҷумҳур изҳор кард раҳбари кумитаи ҷавонон ва варзиши ҳукумати вилояти Суғд аз ӯ барои қабул кардани ҳисоботи хароҷоти КВН талаби ришва кардааст.

Додгоҳ ӯро бо иттиҳомҳои расонидани хабари дурӯғ, азонихудкунии маблағи давлат ва сохтакории ҳуҷҷатҳо айбдор донист. Аммо худи ӯ ва вакилонаш ин иттиҳомотро пурра рад мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *