Рубрики Хабарҳо

Алиев: Озарбойҷон посухи заруриро хоҳад дод

Раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев таъкид кард, ки кишвараш ба ҳама ҳамлаҳо посухи лозимиро  хоҳад дод.

Илҳом Алиев раисҷумҳури Озарбойҷон  бо интишори баёнияе дар ҳисоби твиттерии худ бо баёни инки масъули ҳамла ба Ганҷа давлати Арманистон аст гуфт: «Озарбойҷон ба ин ҳама ҳамлаҳо посухи лозмиро  хоҳад дод».

Алиев тасреҳ кард ки давлати Ереван бо нақзи оташбас ба самти ғайринизомиёни Ганҷа ҳамлаи мушакӣ анҷом додааст.

Вай инчунин ин ҳамлаи мазкуро “ҷинояти ҷангӣ” донист ва гуфт, ки Арманистон қатъномаи Женеваро ба таври ошкоро  вайрон кардааст.

Раисҷумҳури Озарбойҷон идома дод: «Ин ҳамла беэҳтиромӣ ба музокироти миёнаравии Русия аст ва як зуҳуроти дигари фашизми арманӣ аст. Ин ҳамалоти хиёнаткорона ҳаргиз наметавонад иродаи мардуми Озарбойҷонро шикаст диҳад», — гуфт ӯ.

Вай ба ишора ба ин ки ҳамлаи мушакӣ ба Ганҷа аз шаҳри Вардениси Арманистон сурат гирфтааст, эълом кард: «Дар ҳамалоти ду ҳафтаи ахири Арманистон 41 ғайринизомӣ ҷон бохт ва беш аз 200 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд».

Даргириҳои муҷадади ду кишвар бори дигар аз рӯзи  27 сентябр  ба дунболи ҳамалоти Арманистон оғоз шуд ва нерӯҳои артиши ҷумҳурии Озарбойҷон амалиётеро барои озодсозии минтақаҳои ишғолшуда шурӯъ кард.  Дар натиҷаи ин амалиёт, то ба ҳол як шаҳр, чанд шаҳраку деҳот ва минтақаҳои стратегӣ поксозӣ шудааст. Аз дишаб низ оташбаси муваққат эълом шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *