Бознашр аз «Кимиёи саодат»
Сайидрасули Мӯсавӣ, мушовири вазири умури хориҷаи Эрон ва сафири собиқи ин кишвар дар Тоҷикистон, дар сафҳаи Telegram, зимни ёдоварии мулоқоти худ дар Бомиёни Афғонистон бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва гуфтугӯ бо онҳо, хотирнишон кард, ки ман ба эшон гуфтам, шумо кучактарин санаде дар даст надоред, ки бар асоси он иддао кунед ҲНИТ терорист аст.
Матни комили Сайидрасули Мӯсавӣ ба шарҳи зерин аст:
“Ҷиҳати иттилоъи дӯстон: дар сафаре, ки ба Бомиёни Афғонистон доштам, аз дӯстони қадимии ман дар Тоҷикистон (намояндагони ҳукумати кунунӣ) ҳам ҳузур доштанд. Дар ҷараёни сӯҳбате, ки бо ман дар хусуси нороҳатии давлати Тоҷикистон аз сафари соли гузаштаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба Эрон доштанд, изҳор доштанд: “Оё хуб аст мо ҳам Марям Раҷавӣ ва гурӯҳи ӯро бибарем Тоҷикистон?”
Посух додам: “Хеле хуб мешавад ин корро бикунед. Вале шак дорам онҳо қабул кунанд, зеро аввалан онҳо роҳатии ҳутелҳо ва вилоҳои Урупоро раҳо намекунанд, то ба Тоҷикистон биёянд, ки достони бадбахтиҳои аъзои собиқи ҳизби “Тӯда”-ро дар Тоҷикистон медонанд.
Сониян, фикр намекунам, дастгоҳҳои амниятии Тоҷикистон зарфияти посухгӯӣ ба интизороти онҳо ва таъмини амнияташонро дошта бошанд.
Солисан, онҳо ҳар ҷо по бигузоранд, балоеро, ки сари Саддом омад, сари онҷо меоваранд.
Ва аммо муқоисаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо “Муҷоҳидини Халқ”, як иштибоҳи маҳз аст. Ҳизби наҳзат то чанде қабл ҳизби қонунӣ ва порлумонии шумо буд ва аз замоне, ки ҳизби қонунӣ буд ва ҳатто аз замоне, ки давлати Тоҷикистон ҳизбро ғайриқонунӣ эълом кард, шумо кучактарин санаде дар хусуси аъмоли терористии ҳизб надоред. Ва фақат чун бо шумо мухолиф аст, онро терорист медонед. Дар ҳоле, ки асноди куштори 17000 нафар аз мардуми оддӣ то раисиҷумҳур ва нахуствазир ва раиси қувваи қазоия ва даҳҳо намояндаи маҷлис ва қозӣ ва донишгоҳӣ дар парвандаи онҳо (Муҷоҳидини Халқ) мавҷуд аст.
Дар ин ки шумо махфиёна бо онҳо тамосҳое дар Урупо доред, шакке надорам. Вале хуб мешавад онҳоро агар битавонед, аз Урупо ба Тоҷикистон биёваред. Ин кори шумо боис мешавад, яке аз мушкилоти мо бо Урупо ҳал шавад. Мо манофеъи зиёде дар равобит бо Урупо дорем, вале намедонам манофеъи Эрон дар равобит бо Тоҷикистон чист?
Бовар кунед, ҷавобе надошт, хушкаш зад.”