Пули Фабрикаи ҷавоб тамом шуд?
Наздик ба як моҳ аст, ки Паём ҳеҷ шарҳу посухе кормандони Фабрикаи ҷавоб намегирад. Зоҳиран маблағи ин ниҳод тамом шуда ва кормандонашро ба рухсатии бемӯҳлат гусел кардаанд.
Рӯзҳое буданд, ки Фабрика то 500 шарҳу посух ба мақолаҳои Паём менавишт. Ва мо аз рӯфтани онҳо хаста мешудем. Вале давоми ду ҳафтаи охир ҳатто 1 шарҳ ё посухе ба аз Фабрика ба Паём нарасидааст.
Тибқи мушоҳидаи Паём ин гурӯҳ иборат аз 8-10 нафар буд ва асосан аз 4 IP-нишонӣ менавишт. 2 IP-нишонии дигар ҳам гоҳ гоҳ истифода мешуданд. 3-4 нафари онҳо то ҷое саводи техникӣ доштанд ва кӯшиш мекарданд аз нишонаҳои электронии гуногун нависанд, вале 5-6 нафарашон аслан парвое аз “бехатарӣ” надоранд. Танҳо номҳоро иваз мекунанд. Ва номҳоеро ҳам, ки аз он шарҳ навиштанд, ба хотир намегиранд. Як дафъа барои санҷиш маънии шарҳи навиштаи яке аз онҳоро баръакс карда, нашр кардем. Ду нафари онҳо ҳудуди даҳ шарҳ бо дашному лаънат ба ҳамкори худашон навиштанд.
Аз як нишонии электронӣ бо 10-15 ном менавиштанд ва мавзӯъи шарҳашон тақрибан яксон буд. Дар ҷумлаҳояшон ҳам танҳо 1-2 калима иваз мешуд. Гоҳе фаромӯш мекарданд ё намефаҳмиданд, ки шарҳашон ҳанӯз нашр нашудааст ва ҳамон нафаре, ки 10 дақиқа қабл аз номи Фирӯз навишта буд, аз номи Қобил ба “Фирӯз” посух менавишт, ки “рост гуфтӣ Фирӯз”.
Паём тахмин мезанад, ки ин гурӯҳ на танҳо аз тарафи буҷаи давлат маблағгузорӣ мешуд. Фабрика баъзе аз мансабдоронеро, ки на ба Оила ва на ба Кумитаи амнияту ВКД бастагие надоранд, бо шиддат дифоъ мекард ва садҳо шарҳу посух менавишт, вале барои дифоъи масалан Ҳасан Асадуллозода ва Рустами Эмомалӣ як шарҳ ҳам нанавиштааст. Аз ин рӯ Паём тахмин мезанад, ки кормандони Фабрика барои “дифоъ” аз мансабдорони дар сомонаи мо нақдшуда маблағ мегирифт.
Ҳамчунин Паём ба ин назар аст, ки кормандон барои шарҳҳое, ки ба Паём навишта мешуд, аммо нашр намешуд маблағи камтар, аммо барои шарҳҳои нашршуда маблағи бештар мегирифтанд. Баъзан яке аз онҳо хоҳиш мекард, ки шарҳашро нашр кунем. Шояд ба пул сахт зарурат дошт.
Шарҳу посухҳои онҳо асосан пур аз дашному таҳқир буд, ки тақрибан ҳеҷ кадомашро имкони ашр кардан вуҷуд надошт. Аммо замоне бисёр мехостанд шарҳашон нашр шавад, бидуни ҳақорату дашном менавиштанд ва кӯшиш мекарданд нишон диҳанд, ки бетарафона навиштаанд.
Ба назар мерасад дигар ба фабрикаи ҷавоб ё ҳади ақал барои шарҳу посухнависӣ ба Паём маблағ ҷудо намешавад. Паём аз ин иқдом ҷонибдорӣ намуда, сарфаи маблағи буҷаро тамҷид менамояд.