Турбёрн Ягланд Дабири кулли шӯрои Аврупо эълом кард, ки бидуни мушорикати моддии Туркия ва Русия фақат то поёни соли баъд метавонем муқовамат кунем ва агар тадобири лозим гирифта нашуд, аз симати худ истеъфо хоҳад дод.
Ба гузориш хабаргузории Тасним, Турбёрн Ягланд дар нишасти Шӯрои Аврупо ба баррасии вазъияти ин шӯро дар сурати адами мушорикати Туркия ва Русия дар пардохти ҳаққи узвият ба Шӯрои Аврупо ба хотири таълиқ дар ин шӯро пардохт ва гуфт: аз назари моддӣ фақат то поёни соли баъд метавонем муқовамат кунем ва агар тадобири лозим иттихоз нашуд аз симати худ истеъфо хоҳам дод.
Гуфтанӣ аст, ки дар пайи илҳоқи Крим ба хоки Русия дар соли 2014, Шӯрои Аврупо ҳаққи раъйи намояндагони Русия ва мушорикати онҳо дар ҳайатҳои назорат бар интихобот ва ҳамчунин ҳузури онҳо дар Кумитаи раёсат ва Кумита доимиро ба ҳолати таълиқ даровард ва дар пайи он давлати Русия дар сол 2015 эълом кард, то замоне, ки тамоми ҳуқуқи Русия дар Шӯрои Аврупо баргардонида нишуд, ҳаққи узвияти худ ба ин шӯроро пардохт нахоҳад кард.
Вазорати умури хориҷаи Туркия низ дар декабри 2017 дар пайи эҷоди ихтилоф ва таниш бо Иттиҳоди Аврупо дар номае ба Турбёрн Ягланд, Дабири кулли Шӯрои Аврупо, инсирофи худ аз пардохти ҳаққи узвият ба ин шӯроро эълом кард.
Лозим ба зикр аст, ки Туркия бо пардохти 33 миллион евро ва Русия бо пардохт 32 миллион евро ба ҳамроҳи Англия, Фаронса, Олмон ва Италия бештарин саҳм дар буҷаи Шӯрои Аврупоро доштанд.