Таърихи Бухороро донандагони роз гӯё бо хун навиштаанд. Ин сарзамин баъд аз ғуруби асри заррини Сомонӣ дар ҳар давру замоне макони юриши лашкари бегона қарор гирифтааст. Пас аз гузашти чанд сада аз ҳуҷуми муғул, дар оғози қарни бист болшевикҳо ба ин диёр сарозер шуданд ва дар баробари хисорати сангини ҷонӣ ва молӣ ба фарҳанг ва мазҳабу забон ва суннатҳои мардуми бумӣ латмаҳо ворид карданд…
Даҳҳо тан аз ворисони Бӯалӣ ва Носири Хусрав ва Камоли Хуҷандӣ… чун ин ниёкони некмаҳзарашон ба ночор ҷилои ватан намуданд. Теъдодеро хуни ноҳақ ба замин рехт ва гурӯҳе ҳам дучори зулму зиндон ва дарбадарӣ гардиданд, ки қаҳрамони ин гуфтори мо шоир ва орифи мумтоз ва марде муттақӣ ва фақеҳ муфтӣ Муллоаҳмади Мираминзода дар ҳамин шумор аст. Эшон дар даврони салтанати амир Олимхон – охирин сулолаи хонадони қабилаи манғит, шоҳиди 75 чӯб задани ҷаллодони амир ба тахтапушти дӯсти айёми донишомӯзиаш аллома Садриддин Айнӣ гардид. Намози ҷанозаи Туғрали Аҳрориро, ки сарбозони болшивик бо борони тир оғушта ба хун карда ва намегузоштанд, ки шаҳиди гулгункафанро ҳамдиёронаш ба хок супоранд, эшон хонд. Хабари дар зиндони коммунистӣ ҷон супурдани мутафаккири барҷаста ва қозиюлқуззоти Бухоро Шарифҷон Махдуми Садри Зиёро дар кӯҳистон шунида, ашки ҳасрат аз дида рехт ва то поёни умр боз талхии чандин мусибатҳои дигарро чашид. Ба фармуди Ҳофизи бузург:
Фалак ба мардуми нодон диҳад зимоми мурод,
Ту аҳли фазливу дониш, ҳамин гуноҳат бас.
Муллоаҳмад Мираминзода ва садҳо тан аз ҳамсолони фозил ва донишманди он бузургвор замоне, ки аз партави илму ирфони исломӣ баҳравар гардида, ба камол расиданд, яъне мадраса ё донишгоҳи олии исломиро дар Бухоро ба поён бурданд, тӯфони ҷаҳлу хушунат ва ҷангу ҷидол дар ин диёр бедод мекард. Бухороро ғосибон ба тӯп бастанд. Мадрасаҳои диниро вайрон карданд, китобҳои аз Имом Бухорӣ, аллома Сино ва Носири Хусрав ва Саъдӣ ва Ҳофиз ба ёдгор мондаро якҷо бо китобхонаҳои мӯҳташам оташ заданд. Юриши коммунистӣ, ба вижа бар зидди рӯшанфикрон шиддат гирифт. Теъдоде кушта шуд, як иддаро ба дурдасттарин гӯшаҳои Сибир бадарға карданд, боқимондаро ба зиндон бурданд… Гуноҳашон ин буд, ки аҳли фазлу дониш буданд. Писари муфтӣ донишманди фарзонаи тоҷик, устоди донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, доктор Мирзо Аҳмадзода дар ёддоштҳои худ фишурдае аз ин фоҷиаро зикр намуда навиштааст, ки дар замони авҷи бесарусомониҳои солҳои сии қарни бист, Мираминзодаи шоирро ду бор бо «ҷурм»-и мулло будан ба зиндон андохтанд ва ҳамин нукта дар моҳномаи мӯътабари Тоҷикистон «Садои Шарқ» низ таъкид гардидааст: Дар солҳои 1932-1933 ӯро ду маротиба «мулло» гӯён ба ҳабс мегиранд (Аҳмад Мираминзода. Назми дурустам доданд, Садои Шарқ, шумораи 6, 1990, саҳ. 70).
Қабл аз он ки ба муаррифӣ ва баррасии осори «ин симои дурахшони маънавӣ ва мазҳабӣ дар водии Зарафшон» (ин таъбирро дар бораи ӯ рӯзномаи «Истиқлол», шумораи 9, 1997 ба кор бурдааст) бипардозем, бо истифода аз нақлу хотироти ҳамдиёрон ва навиштаҳои муҳаққиқону донишмандони диёр кӯшиш менамоем, ки баъзе аз саҳифаҳои заррини китоби мутафаккири арҷмандро варақ бизанем ва зикри хайре аз фазилатҳои олии эшон ба амал оварем.
Мегӯянд, ки муфтӣ сарфи назар аз мансабу мартабаи шоистае, ки дошт, аз хоксортарин мӯъминони замони худ маҳсуб мешуд. Ба хурду бузург муносибати яксон дошт ва кӯшиш мекард, қабл аз мусоҳибаш ба ӯ адои салом намояд, чӣ кӯчак бошад, чӣ бузург, дар дидорбинӣ ва аёдати беморон таъхир намекард, ҳар мусофире, ки аз сафар бармегашт, аввалин шуда ба зиёраташ мерасид. Мисли нури чароғ маҳфилро зеб медод ва дар баҳсҳову баррасиҳои омиёнаву олимона аз Қуръони маҷид ва осори мӯътабари донишмандони ислом санад оварда, ҳамсӯҳбатонро қонеъу шод менамуд ва ба бурузи ҳар гуна фитна ва иғво ҳеҷ гоҳ роҳ намедод. Муҳимтар аз ҳама, бар хилофи иддае аз муллоёни мутаассиби Бухоро, аз падида ва пешрафти илму фанни замона бо хушнудӣ истиқбол мекард. Чуноне дар «Донишномаи фарҳанг ва адаби форсӣ» (саҳ. 857) зикр ёфтааст, Муллоаҳмад Мираминзода аз ҳамдарсони устод Садриддин Айнӣ дар мадрасаи Бухоро буд ва бинобар нақли падарам, ки дар соли 1991 дар синни 83-солагӣ аз ҷаҳон чашм пӯшид, дар баъзе аз маҳофил ва меҳмониҳо касоне, ки аз устод Айнӣ шинохти дуруст надоштанд, аз ӯ бадгӯӣ мекарданд ва ё сабаби ба хидмати шӯравиҳо пардохтани устодро аз муфтӣ ҷӯё мешуданд. Аз шунидани чунин суханҳочеҳраи Мираминзодаро табассуми малеҳ ва орифона ва ҳатто як навъ рамздор фаро мегирифт ва бо ширинзабонӣ ва сухани нарм гиреҳи муамморо боз мекарданд. Ба нақл аз муфтӣ Муллоаҳмад, дар мадраса ҳеҷ донишҷӯе ба пояи донишу маърифати устод Айнӣ нарасидааст. Айнӣ чун аксар равшанфикрони замонаш барои он ба амирон мухолиф буданд, ки онҳо Бухороро дар ҳолати фақру бадбахтӣ нигоҳ доштанд, фасоду ҷаҳлу нодонӣ кишварро фаро гирифт; аз сӯи дигар, ҷаллодони амир бародари Айнӣ – Сироҷиддинхоҷаро мисли гӯсфанд сар буриданд, ки дар ин бора устод марсияи ҷонгудозе навиштаанд…
Мираминзода ҳамеша чанд хислати нодири устод Айниро дар маҳфилҳои хонаводагӣ ва дӯстона таъкид кардааст, чунончи ба мухолифати зимомдорони вақт, ки душмани дини мубини ислом буданд, нигоҳ накарда, устод Айнӣ ҳамеша панҷ вақт намозашонро мехондаанд, яъне тарс аз давлат надоштанд ва ҳатто вақте ки устод раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон пешбарӣ мешаванд, аз боло амр мекунанд, ки ин мансаб тақозо мекунад, ки Садриддин Айнӣ узвияти ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравиро бипазиранд… Айнӣ ин амрро қабул намекунанд ва мегӯянд, ки банда ҳозирам барои фарҳангу адабиёти кишварам садоқатмандона хидмат кунам, вале хоҳиши узви ҳизби коммунист шуданро надорам. Муфтӣ аз устод Айнӣ ҳамеша холисона дифоъ мекарданд ва ба поси дӯстие, ки ба ин шахсияти барҷастаи таърих доштанд, ҳар гоҳ ба пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе паи коре қадам ранҷа карда бошанд, ҳатман ба зиёрати дӯсти даврони донишомӯзии худ, аллома Садриддин Айнӣ мушарраф гаштаанд, вале ҳеҷ подоше ва кӯмаке аз устод талаб накардаанд.
Мегӯянд бузургон мардумро тарк мекунанд, вале мардум ононро ба ҳеҷ ваҷҳ тарк нахоҳанд кард. Ман ҳадиси бузургвории муфтӣ Муллоаҳмадро шояд аз синни ҳафтсолагӣ ё бештар аз он то ба имрӯз, ки акнун сафедии мӯям бар сиёҳии он пирӯз мешавад, мешунавам. Дареғо, ки беҳтарин гуфтаниҳои падари хушзеҳнам ва амаки орифам Муллораҷаб алайҳи раҳма ва даҳҳо тан аз ҳамнишинону муридону шогирдони он ҳазратро наметавонистам аз забони онон забт кунам ва ҳадиси ошиқонае дар бораи он соҳибназари фурӯтан ва фарзона мураттаб созам. Писари донишманди эшон, ки сифатҳои ҳамидаи падарро мерос гирифтаанд ва акнун машғул ба таҳқиқу таҳияи осорашон мебошанд, фармуданд, ки илова бар девони ашъор дафтари ёддоште аз шоир боқӣ мондааст, ки дорои матолиби ҷолибест ва аммо мутаассифона, мо имкони дастрасӣ ба ин манбаъи нодирро надорем ва дар ин замина танҳо аз мақолаи Сайидолим Акрамзода бисёр лаҳзаҳои зеборо аз рӯзгори муфтӣ метавон истифода кард.
Мақолаи номбурда «Эшони муфтӣ – шоир ва олим»унвон дорад, ки дар шумораи ҳафти нашрияи «Гулбонг»(ин нашрияро шоири соҳибистеъдод, марҳум Қувват Давлат солҳои 1995-97 сарпараст буд ва бо камоли таассуф акнун чоп намешавад), дар моҳи ноябри соли 1996 милодӣ ба нашр расидааст ва ҳамин матлабро бо андаке тағйир ва иловаҳо гоҳномаи «Истиқлол»(нашрияи «Бунёди оли Сомон» дар шаҳри Душанбе) моҳи июни соли 1997 чоп кардааст, ки «Вакили мири Мастчоҳ»унвон дорад. Нашрия бо ҳарфҳои дурушт зери ин унвон ба ин шакл ба хонандагони хеш муроҷиат кардааст: «Ҷасади Туғралро ӯ ба хок супурда буд…»
Чуноне дар ёддоштҳои шодравон Сайидолим Акрамзода омадааст, шоир ва орифи замон Муллоаҳмад Мираминзода дар он даврони пурошӯб дар умури сиёсии мамлакат низ ширкат доштааст ва дар соли 1919 даргириҳои шадиде миёни артиши сурх ва муҷоҳидони Мастчоҳ идома дошт. Барои имзои оташбас миёни нерӯҳои даргир ҳайатеро аз макони будубоши аслии муҷоҳидон, аз ноҳияи Мастчоҳ ба ситоди артиши сурх воқеъ дар шаҳраки Варзи Манор даъват мекунанд, ки мутфӣ Муллоаҳмад низ ба намояндагӣ аз мири Мастчоҳ ҳузур доштааст. Иттилоъи ғамангезе фаврӣ ба муфтӣ мерасад: Шоири ширинкалом Муҳаммад Нақибхони Туғралро се рӯз қабл сарбозони болшевик ба шаҳодат расонда ва намегузоранд, ки ҳамдиёронаш ҷасадашро ба хок супоранд, ҷанозаи ӯ дар бистари хоку хун дар қатлгоҳ хобидааст. Нақибхон гӯё дар мубориза бар зидди асокири шӯравӣ бо муҷоҳидони Мастчоҳ ҳамкории махфиёна доштааст… Ин хабар на танҳо муфтиро, ки бо Туғрал дӯсти ҷонӣ буданд, ғарқ дар гирдоби мотам сохт, балки дили ҳар пора санге дар лаби рӯдхонаи Зарафшон ва бурҷу бораи мадрасаҳо ва мақбараҳои Самарқанду Бухороро ба фарёд овард. Ғосибони мулҳид фоҷиаеро, ки чингизиёни ғаддор дар Нишопур бар сари орифи ҷаҳоншумул, шайх Фаридуддини Аттор оварда буданд, пас аз гузашти ҳафт қарн дар ноҳияе аз қаламрави Самарқанд такрор карданд: Шоирро куштанд, хуршедеро ба хун ғарқ карда дар хок фурӯ нишонданд ва он ҳам бидуни баррасӣ ва пурсуҷӯ! Шоир Мираминзодаву дигар намояндагони мири Мастчоҳ дарҳол ин ҷиноятро маҳкум намуданд ва то он даме, ки намози ҷанозаи шоирро нахонданд ва бо дасти худ ҷасади муборакашро дар хок насупурданд, бо сарони артиши сурх сари мизи музокира нанишастанд. Бинобар нақли муфтӣ, дар бадани Туғрал осори панҷ тир боқӣ будааст. Шоирро бо сару пойи бараҳна, дар ҳоле ки дар тан пироҳану шалвори сафед дошт, дар домани теппае на чандон баланд ба шаҳодат расонданд ва аз ҷайби ӯ коғазе пайдо шуда, ки дар он шоир чун хитоба барои ҳамсари азизаш навиштааст:
Ту эй гул, баъди ман бо ҳар кӣ мехоҳад дилат, биншин,
Ки ман бо доғи ҳиҷронат чу булбул з-ин чаман рафтам…
Мегӯянд, ки шоирони самарқандӣ дар посух ба ин байти Туғрал дар ҳамон рӯзҳо назираҳои зебое сохтанд. Ин фоҷиа то замони фурӯпошии шӯравӣ ҳарчанд вирди забонҳо буд, аммо касе ҷуръат ва иҷозаи чопи онро дар матбуот надошт ва осори Туғрали Аҳрорӣ, ба нақл аз муаллифи «Тазкирату-ул-шуаро» «ин достонсарои риёзи Самарқанд ва тӯтии шакархои нахлистони наҷобатпайванд ва суханпардози бӯстони хушгуфторӣ ва нуктапардози чаманистони маънинигорӣ» (ниг.: Туғрали Аҳрорӣ. «Корвони муҳаббат», мураттиб Асрори Раҳмон, 1990, саҳ. 4, ба алифбои форсӣ), хеле дер, танҳо дар солҳои бистуми милодӣ пас аз «исботи бегуноҳии ӯ» ба нашр расид. Дар ҳар сурат, муфтӣ Муллоаҳмад Мираминзода дар ин лаҳза намегузорад, ки ҷасади мутаҳҳари ин азизи диёрашон хор шавад. Аз даҳҳо корҳои пурсавоб ва таърихие, ки муфтӣ анҷом дод, якеш ҳамин аст, ки зикр шуд.
Дар бораи ин шахсияти бузурги мазҳабӣ ва фарҳангӣ дар миёни мардуми Мастчоҳ то ҳанӯз ривоёт ва ҳадиси гуногун аст, ки аз даҳоне ба даҳоне пахш мешаванд, чунончи бузургсолони рустоҳои Виткон ва Падрок нақл мекунанд, ки эшони Тӯраи Авлиёҷон, ки донишҳои замони худро фаро гирифта, ҳамчун олими роздони порсо ва пири хирад ба қуллаҳои баланди шӯҳрат расида буданд, рӯзе ба зодгоҳи Муллоаҳмад меоянд ва сарону моликони деҳаҳои гирду атроф ҳама ба истиқболи он бузургвор мебароянд… Дар ин миён чашми он ҳазрат ба писарбачае меафтад, ки машғули гӯсфандчаронӣ будааст. Эшони Авлиёҷон аз асп пиёда мешаванд ва даст ба сари чӯпони ҷавон мебаранд, бо табассуми малеҳе ӯро навозиш карда, дуъое барояш мехонанд ва мегӯянд: дар ҷабини ин тифлак чароғи илм фурӯзон аст… Он писараки некахтар донишманди бузурги исломӣ Муллоаҳмади Мираминзода буд, ки бо мурури замон гавҳари маърифат ба каф оварда, ба дилу дидаи ҳазорҳо тан аз мардум равшанӣ андохт, намаки ашъори ирфонии он ҳазрат ба муштоқону ихлосмандони осораш ҳамарӯза лаззати маънавӣ мебахшад.
Эшони муфтӣ Аҳмадхоҷа, ки табиатан нарму ҳалим ва соҳиби дили раҳим ва табъи латиф будааст, пайваста талош варзида, ки дар он даврони пурошӯб оташи фитнаву ҷанг ва хунрезиҳои беҳударо фурӯ нишонад ва нагузорад, ки диёр ба фақру бадбахтӣ ва мардуми он ба таҷовузи дӯсту душман кашида шавад. Дар ҷанги муҷоҳидони Мастчоҳ бо артиши сурх, ки ин набард нисбат ба дигар манотиқи Осиёи Миёна хеле тӯлонӣ буд ва то соли 1923 идома пайдо кард, Эшони Муфтӣ бо истифода аз нуфузу шӯҳрате, ки дар диёр дошт, мудом нақши пири мудаббир ва сафири сулҳу оштиро иҷро кардааст. Ба ғайр аз имзои оташбаси шаҳраки Варз Манор, ки дар боло ишора кардем, дар гуфтушуниди сулҳу оштӣ миёни муҷоҳидон ва артиши сурх дар Ӯротеппа ва Ғончӣ ва Самарқанд низ ширкат намуда, тарафҳои даргирро ба сулҳу оромиш даъват кард. Сухани эшон барои дӯсту душман муассир ва корагар буд. Бо камоли таассуф, муфтӣ подоши ин ҳама хидматҳо дучори тӯҳмати ноҳақ гардида, аз сӯйи сарони муҷоҳидин низ ба зиндон кашида мешавад (дар ин бора дар ёддоштҳои писари шоир, доктор Мирзо Аҳмадзода ишораҳои ҷолибе ҳаст ва бахше аз ин хотирот дар бойгонии банда маҳфуз аст (М.Ш.).
Муфтӣ Муллоаҳмад чун Садриддин Айнӣ ва иддаи дигаре аз донишмандону равшанфикрони Бухоро, ба назари банда ба ду ваҷҳ бо дастгоҳҳои ҳукумати шӯравӣ созиш кард: аввалан, низоми пӯсида ва зидди башарии аморати Бухоро ононро хаста ва дилмондаву озурда карда буд. Амирони Манғит ончунон гирифтори ҷаҳли мураккаб буданд, ки ҷонибдорони тамаддуну фарҳанги рӯ ба инкишофи Ғарбро девона мепиндоштанд, ки мисоли равшани он зиндагиномаи пурфоҷиаи аллома Аҳмад Махдуми Дониш, Шарифҷон Махдуми Садри Зиё ва амсоли онҳо мебошанд. Фосид ва фурӯмоя буд ин хонадон. Аз ин рӯ устод Садриддин Айнӣ дасти дуъо ҷониби Парвардигор боло карда, илтиҷо кард ва гуфт: — «Хоҳам он хонаи бедоду ситам вайрон бод…». Сониян, онҳо аз ду шарр онеро интихоб карданд, ки зоҳиран ҷаҳолат дар замираш камтар буд ва ин Ҳукумати Шӯравӣ буд, ки ҳам бо салоҳ ва ҳам бо шиорҳои интернатсионалистӣ ва адлхоҳиву башардӯстӣ ва таблиғи илму дониш ва баробариву бародарӣ ва талошҳои созандагӣ ва халлоқият ва раҳоии заҳматкашон аз вомондагии асримиёнагӣ ба диёри Мовароуннаҳри бостонӣ омада буданд. Солисан, вусъати назари ин бузургмардони таърих ба маротиб паҳнтар аз дидгоҳи онҳое буд, ки дар паси сахра ва сангҳои кӯҳистон сангар гирифта, бо лашкаре, ки Қафқоз ва қаламрави Осиёи Миёнаро комилан ба тасарруф дароварда, андешаи даст ёзондан ба марзҳои Афғонистонро дошт, ҷиҳод эълон карда, умед ба пирӯзӣ ҳам доштанд. Муфтӣ одилона, аммо нобаробар будани ин муборизаро амиқ дарк карда буд, вале сарони ҷиҳод умед ба пирӯзӣ бар болшевикҳоро доштанд, ки саранҷом теъдоди зиёде дар ин мубориза қурбон шуд ва теъдоде аз равшанфикрон тибқи фармудаи омӯзгори бузурги ахлоқ Саъдӣ алайҳи ар-раҳма амал карданд:
Агар пилзӯрӣ в-агар шерчанг,
Ба наздики ман сулҳ беҳтар зи ҷанг.
Ба ҳамин сабаб, мо дар фаъолияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва дар осори ин фарзонагони миёни обу оташ афтодаи поёни қарни нуздаҳ ва ибтидои қарни бист як навъ замонасозӣ ва каҷдору марезҳоро эҳсос мекунем, вале ба ҳеҷ ваҷҳ онҳо пойбанд ба ақидаҳои пучу ифротии коммунистӣ набуданд ва мисли дигар шоирони наслҳои баъдӣ лаб ба мадҳу ситоиши иғроқомези Ленин ва октябр ва давлати бузурги шӯроҳо накушуданд.
Муллоаҳмад Мираминзода аз айёми ҷавонӣ то вопасин рӯзҳои умр гирифтори бозиҳои бераҳмонаи сарнавишт будааст, соли 1879 дар деҳаи Падрохи ноҳияи Мастчоҳ чашм ба дунё кушода, дар ҳафтсолагӣ бо падар падруд мегӯяд ва бори сангини рӯзгор ба дӯши ятими ноболиғ меафтад. Эшон дар шонздаҳсолагӣ ба Тошканд ҳиҷрат мекунад ва дар гузаре ба номи «Мӯи муборак» дар ҳавлии донишманди тошкандӣ Саид Муҳаммадхон ба хидмат мепардозад ва табиист, ки аз партави илму дониши ин марди мӯъмин баҳраҳо бардошта, аз он ба баъд аввал дар Самарқанд ва сонӣ дар мадрасаҳои Мири Араб ва Кукалтоши Бухоро бо шавқу талоши саршор ба андӯхтани илму дониш мепардозад.
Мирзо Шукурзода
Аз бойгонӣ