USCIRF – Комиссияи озодиҳои мазҳабии байналмилалии Амрико аз ҳукумати Амрико хостааст, ки ҳукумати Тоҷикистонро бо имзои як қарордод ба бозбинии қонуни дини соли 2009 қабулшуда ва озодии маҳбусони ақидатӣ даъват кунад. USCIRF барои бори аввал аз ҳукумати Амрико хост, ки дар сурати имзо нашудани чунин тавофуқ ба зидди Тоҷикистон таҳримот ҷорӣ карда, мансабдорони тоҷикро низ ба «Рӯйхати Магнитский” ҳамроҳ кунад.
USCIRF – Комиссияи озодиҳои мазҳабии байналмилалии Амрико дар гузориши солонааш ба ҳукумати Амрико тавсия додааст, то 16 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро дар рӯйхати кишварҳои мавриди нигаронии хос шомил кунад. Тоҷикистон инак 6 сол боз аз ҷониби USCIRF ба далели поймол кардани озодиҳои динӣ ба рӯйхати кишварҳои мавриди нигаронии хоси Амрико тавсия дода мешавад. Вазорати хориҷаи Амрико бори аввал моҳи феврали соли 2016 Тоҷикистонро ба ин рӯйхати сиёҳ шомил кард ва моҳи декабри соли 2017 дубора дар ин рӯйхат нигоҳ дошт.
USCIRF – Комиссияи озодиҳои мазҳабии байналмилалии Амрико дар гузориши солонааш, ки рӯзи 25 апрел нашр шуд, бар иловаи 10 кишваре, ки моҳи декабри соли 2017 ба рӯйхати мавриди нигаронии хоси Амрико шомил шуданд (Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Чин, Арабистони Саудӣ, Судон, Кореяи шимолӣ, Эритрея, Бирма ва Эрон) тавсия додааст, ки боз 6 кишвари дигар (Русия, Сурия, Ветнам, Покистон, Нигерия ва Ҷумҳурии Африқои марказӣ)-ро низ ба ин рӯйхати сиёҳ шомил кунанд.
Даниэл Марк, роҳбари USCIRF дар расми муаррифии гузориши солонаи ин созмон гуфт: «Мутаассифона, вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар бисёр кишварҳо дар соли 2017 бадтар шуд ва аксаран ба далели тақвияти низомҳои худкома ваё бо баҳонаи мубориҳа бо терроризм.”
Амрико бар асоси Қонуни озодиҳои динии байналмилалӣ (IRFA), ки 20 сол пеш қабул кардааст, ҳар сол вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар кишварҳои дунёро арзёбӣ мекунад. Барномаи ёриҳои Амрико ба кишварҳо аз ҷумла бар асоси то куҷо эҳтиром гузоштанашон ба ҳуқуқи мазҳабии мардум амалӣ мешавад ва аз ин лиҳоз, арзёбиҳои комиссияи озодиҳои мазҳабии байналмилалии Амрико ба ҳаҷм ва миқёси ёриҳои Амрико ба кишварҳо таъсир мегузорад.
БАХШИ ТОҶИКИСТОНИ ГУЗОРИШИ USCIRF
НАТИҶАГИРИҲОИ КАЛИДӢ
Дар соли 2017 дар пасманзари шадидтар шудани назорати президент Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводаи ӯ бар Тоҷикистон, ҳукумати Тоҷикистон саркӯби диндоронро дар ҷомиа, ҳамчунин таъқиби ақалиятҳои диниро идома дод. Афроди гумонбар ба пайравӣ ба Салафия, Шоҳидони Яҳво ва як роҳиби протестант ба зиндон андохта шуданд. Мақомот таъқиби маросими мазҳабии мухталифро идома дода, болои маъракаҳои тӯю азо маҳдудиятҳо эҷод карданд ва барои риш мондан иҷозат талаб мекарданд. Таҳсилоти олии исломӣ тақрибан ба пуррагӣ саркӯб гардида, барои маҳдуд кардани рӯзаи моҳи Рамазон низ талошҳое сурат гирифт. Ҳукумат барои нишон додани монополияи худ бар арсаи сиёсӣ ба шиканҷаи вакили зиндоние, ки аз аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) дифоъ мекард, ҳамчунин ба таъқиби аъзои хонаводаи ин вакил ва аъзои дигари ҲНИТ идома дод, ҳол онки ҳуқуқи фаъолияти ин ҳизб баъше аз созишномаи сулҳи баъди ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар буд.
Бо назардошти ин мушкилот, ки аз соли 2012 ба ин сӯ дида мешаванд, USCIRF дар соли 2018 низ ба хулосае расидааст, ки Тоҷикистон бар асоси Қонуни озодиҳои динии байналмилалӣ (IRFA) сазовори мақоми «кишвари мавриди нигаронии хос” мебошад. Вазорати хориҷаи Амрико бори аввал моҳи феврали соли 2016 Тоҷикистонро ҳамчун «кишвари мавриди нигаронии хос” эълом кард ва моҳи декабри соли 2017 дубора ин мақомро барояш дод.
ТАВСИЯҲО БА ҲУКУМАТИ ЙЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО
—Тоҷикистонро ҳамчун кишвари мавриди нигаронии хос бар асоси IRFA нигоҳ бидорад.
—Даст кашидан аз андешидани чора дар робита ба мақоми «кишвари нигаронии хос”-ро аз байн бардошта, бо ҳукумати Тоҷикистон бар асоси банди 405(с)-и IRFA созишномаи фарогир ҷиҳати анҷоми ислоҳоти мушаххас ва қобили мулоҳизаи фарогири пешрафтҳое баста шавад, ки ислоҳоти ҳуқуқи аслиро дар бар бигирад, ба амалиётҳои пулис нуқта гузорад, маҳбусонро озод кунад ва имкони равобит бо ҳаммазҳабонашон дар хориҷро фароҳам биорад. Агар ин созишнома ба даст наояд, тавре ки IRFA талаб мекунад, таҳримот ҷорӣ карда шавад.
—Барои ироаи ёриҳои Амрико, ба истиснои кумакҳо барои беҳбуди вазъи башарӣ ва пешрафти ҳуқуқи инсон, ба ҳукумат ҷадвали замонии иқдомоти мушаххас ҷиҳати ислоҳи қонуни дини соли 2009 қабулшуда ва беҳбуди вазъи озодии дину эътиқод шарт гузошта шавад.
—Фишангҳои ҳадафмандона ба зидди мансабдорону ниҳодҳои вижае, ки даст доштан ваё масъулияташон барои нақзи ҳуқуқи инсон муайян карда мешаавад, аз ҷумла ба хусус барои нақзи шадиди озодии динӣ истифода бурда шаванд. Ин фишангҳо рӯйхати «афроди бахусуси маълумшуда”-и бахши назорати ҳисобҳои хориҷии вазорати молияи Амрико, манъи ироаи раводид бар асоси банди 604(а)-и IRFA ва қонун дар бораи Қонуни байналмилалии ҳуқуқи инсони Магнитский, ва маҳкам кардани ҳисобҳои бонкӣ бар асоси Қонуни байналмилалии Магнитскийро дар бар бигиранд.
—Бо ҷомиаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар чорчӯби чорабиниҳои зидди терроризми Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ҳамкорӣ сурат бигирад, то интиқоди маҳрамона ва дар маҳзари омми бархӯрди Тоҷикисон нисбат ба танзими дин ва мубориза бо ифротгароӣ, ки метавонад сабаби ба тундравӣ гароидани аҳолии кишвар шавад, дар ин чорабиниҳо матраҳ шавад.
—Аз ҳукумати Тоҷикистон даъват шавад, то боздиди гузоришгарони вижаи СММ дар масоили озодии дин ва эътиқод, мустақилияти додгоҳҳо ва шиканҷаро иҷозат диҳад, таърихи мушаххаси ин боздидҳо муқаррар карда шавад, ва шароити комилу лозим барои чунин боздидҳо фароҳам оварда шавад.
—Дар сатҳҳои олитарин барои таъмини озодии билофосилаи афроде, ки барои фаъолиятҳои мазҳабиашон ваё барои мансубияти мазҳабиашон зиндонӣ шудаанд, фишор оварда шуда, ҳукумати Тоҷикистонро маҷбур кунанд, то ки бо маҳбусон бархӯрди башардӯстона карда, ба онҳо имкони дастрасӣ ба хонаводаҳояшон, ба нозирони ҳуқуқи инсон, кумаки тиббии муносиб ва вакилон ва имкони пайравӣ ба мазҳабашон бидиҳанд.
—Тадобири лозим анҷом шавад, то ки сафорати Амрико, аз ҷумла дар сатҳи сафир, бо фаъолони ҳуқуқи башар ва роҳбарони рӯҳонӣ тамосҳо дар сатҳи муносиб барқарор кунад.
—Тадобири лозим анҷом шавад, то ки маблағгузории радиои «Озодӣ” аз ҷониби Амрико идома дода шавад, то ки иттилоот дар бораи ҳаводиси дохили Тоҷикистон, аз ҷумла дар робита ба озодии мазҳаб ҳамчунон паҳн карда шавад.
—Ва тадобири лозим анҷом шавад, то ки ИНТЕРПОЛ ислоҳоти эълонкардааш барои баррасии муассиртари шикоятҳо дар мавриди сӯиистифода аз дархостҳои байналмилалии ҳабсу истирдод( «red notices”) барои таъқиби дигарандешони сиёсӣ ва мазҳабиро амалӣ кунад.
Дар гузоришаш Комиссияи озодиҳои мазҳабии байналмилалии Амрико ҳамчунин мавридҳои нақзи ҳуқуқи динии мардумро дар Тоҷикистон баршумурдааст.