Рубрики Хабарҳо

Намудҳои зулм: Зулм дар муносибат бо Аллоҳ

Ширк — зулми бузург аст

Малико зикри Ту гӯям, ки Ту покию Худоӣ,

Наравам ҷуз ба ҳамон раҳ, ки Туям роҳнамоӣ.

Ҳама даргоҳи Ту ҷӯям, ҳама аз фазли Ту пӯям,

Ҳама тавҳиди Ту гӯям, ки ба тавҳид сазоӣ…

Барӣ аз хӯрдани хуфтан, барӣ аз ширку шабеҳӣ,

Барӣ аз сурату рангӣ, барӣ аз айбу хатоӣ.

(Саноӣ)

Чанд рӯз қабл мақолаеро оиди маънои луғавӣ ва истилоҳии зулм, ки “Чораи дафъи бало набвад ситам” унвон дошт, ба қалам оварда, тақдими хонандагон карда будем. Азбаски зулм як мусибати бисёр сахт буда, халқҳои зиёдеро пешвоз гирифтааст, таълифи силсиламақоларо дар ин бобат идома хоҳем дод. Дар мақолаи зерин се намуди зулмро, мухтасаран, номбар карда, танҳо навъи аввали онро, ки “Зулм дар муносибат бо Аллоҳ” ном гирифтааст,  мавриди баҳс қарор медиҳем.

Дар оғози мақола бояд ёдовар шуд, ки он чи оммаи мардум аз маънои зулм мефаҳманд, иборат аст аз поймол кардани ҳуқуқи дигарон ва он чи аз калимаи адл мефаҳманд, поймол накардани ҳуқуқи дигарон аст. Аз ин рӯ, дар фарҳанги ҷомеаҳои мухталиф ва мактабҳои гуногун, адлу зулм танҳо як навъ доранд, ки он ҳам “адли иҷтимоӣ” ва “зулми иҷтимоӣ” ном гирифтааст. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба решаи калимаи адл ва зулм ислом назарияи амиқ ва ҷолибе дар мавриди анвои адл ва зулм дорад.

Ин ҷо ёдовар шудани низоми офариниш бамаврид аст, ки ҳар чиз дар он ҷойгоҳ ва ҳадди хосае дорад. Агар дар он ҳадду ҷойгоҳ қарор гирифт, адл ва агар қарор нагирифт, зулм ба амал омадааст. Агар аз андозае, ки бояд бошад, камтар шуд, зулм аст ва агар бештар ҳам шуд, зулм аст. Агар дар замоне ва маконе, ки бояд анҷом шавад, анҷом нашуд низ зулм аст. Бинобар ин, золим касе аст, ки ҷойгоҳ ва ҳадди воқеии корҳои худро риоя намекунад ва дар муқобили он одил касеро гуфта мешавад, ки ҷойгоҳ ва ҳадди воқеии корҳои худро риоя мекунад.

Зулмро аз дидгоҳи фарҳанги исломӣ метавон ба се даста тақсим кард:

Якум: Зулм дар муносибат бо Аллоҳ аст, ки “зулми эътиқодӣ” меноманд.

Дуюм: Зулм бар худ, ки “зулми фардӣ” унвон дорад.

Сеюм: Зулм дар ҳаққи одамон ва дигар махлуқот аст, ки “зулми иҷтимоӣ” номида мешавад.

Адл низ дорои ҳамин ақсом аст. Ин шакли тақсиббандие, ки дар мавриди адлу зулм дар ислом ба чашм мехӯрад, дар ҳеҷ фарҳанге дида намешавад.

Қаблан бояд гуфт, ки касе тавони зулм кардан ба Аллоҳи тавоно ва қодири мутлақро надорад. Мурод аз ситам дар ҳаққи Худо ин нодида гирифтани ҳаққи Худованд ва ба ҷои Ӯ каси дигареро парастиш намудан ва ё бар ивази шукри неъматҳояш носипос будан, инкор кардани зоти илоҳӣ ва дурӯғ пиндоштани оятҳои Ӯст.  Ҳамчуноне ки Аллоҳ аз як гурӯҳ золимони пешин хабар медиҳад:

“Касоне, ки пеш аз онҳо буданд, оятҳои Парвардигорашонро дурӯғ пиндоштанд. Мо ҳам ба хотири гуноҳонашон онҳоро ҳалок кардем ва фиръавниёнро низ ғарқ намудем. Ҳамаи онҳо золим буданд”. (сураи Анфол, ояти 54)

Барои равшан намудани матлаби худ мехоҳам мисоли равшантареро баён намоям: Тасаввур кунед, ки марде барои дарёфти қути лоямут аз кишвари худ Тоҷикистон ба Русия рафта, қариб як сол ба мардикорӣ машғул мешавад. Ниҳоятан музди кориашро мегираду ба сӯи ватанаш баргаштанӣ мешавад. Ӯ ба пайвандонаш тӯҳфаҳои хотиравӣ мехарад, вале чун ба истгоҳи қатораҳо меравад, хатои бузурге содир мекунад. Марди мусофир ба ҷои ин ки чиптаро ба сӯйи Тоҷикистон харидорӣ кунад, ба самти тамоман муқобил харида, ба қаторае, ки ба дигар кишвар равон аст, савор мешавад.

Рафтори ӯ магар тааҷҷубовар нест?

Оё падару модар, зану фарзандон ва пайвандону дӯстони ӯ, ки дар Тоҷикистон дидори ӯро интизорӣ мекашиданд, аз шунидани ин хабар оташин намешаванд?

Ширк низ ҳамин маъниро дорад:

Тарсам нарасӣ ба Каъба эй аъробӣ,

Ин роҳ, ки меравӣ ба Туркистон аст.

Ин гуна аст ҳолати мушрикону риёкорон! Шахсе, ки ба сӯи ғайри Худо равон шуда, ибодатро ба ғайри Худо анҷом медиҳад, ӯ ибодатро дар ғайри мавзеаш қарор додааст. Зулм, яъне ниҳодани чизе ба ғайри мавзеи худ аст. Банда ба касе саҷда мекунад, ки сазовори саҷда нест. Сазовори саҷдаву санои маъбудӣ танҳо Аллоҳ аст:

Ту ҳакимӣ, Ту азимӣ, Ту каримӣ, Ту раҳимӣ,

Ту намояндаи фазлӣ, Ту сазовори саноӣ…

Аҳадун лайса камислиҳ самадун лайса лаҳу зид,

“Лиман-ил-мулк” ту гӯӣ, ки мар онро ту сазоӣ.

Ҷои тааҷҷуб аст, ки банда аз касе дуо мепурсад, ки қудрати иҷобати дуоро надорад. Ӯро дидаву шунида наметавонад. Фоидаву зиён ҳам аз дасти ӯ барнамеояд. Пас, ин навъи рӯйоварӣ ба сӯи ғайри Худо зулм дар муносибат ба Аллоҳ  номида мешавад. Аз ин рӯ, мушрик золим аст, зеро ҷойгоҳи воқеии Офаридгори ҳастиро риоя накардааст. Агарчи бо забон шояд низомивор бигӯяд:

Эй ҳама ҳастӣ зи Ту пайдо шуда,

Хоки заиф аз Ту тавоно шуда.

Зернишини аламат коинот,

Мо ба Ту қоим ва Ту қоим ба зот.

Ҳастии Ту сурату пайванд не,

Ту ба касу кас ба Ту монанд не.

Аммо дар амал пайрави Низомиҳову Саноиҳо нест. Агарчи медонад, ки созандаи тамоми коинот Аллоҳ аст, бо вуҷуди он ғайри Аллоҳро мепарастад ва ба Худо ширк меварзад.

Аммо муваҳҳид азбаски ҷойгоҳи воқеии Офаридгори ҷаҳонро дар низоми ҳастӣ риоя кардааст, аз назари ақидаву имон одил аст. Ӯ мисли Саъдӣ ва ҳазорон фарзонагон ошиқи Аллоҳ ва таслими ҳукми Ӯст:

Ба ҷаҳон хуррам аз онам, ки ҷаҳон хуррам аз Ӯст,

                 Ошиқам бар ҳама олам, ки ҳама олам аз Ӯст…

Бар ин асос аз нигоҳи ислом тавҳид адл аст ва ширк зулм.

Саҳобагон чун қавли Аллоҳро дар сураи Анъом хонданд, нигарон шуда буданд:

“Онҳое, ки имон оварданд ва имонашонро бо зулм наомехтанд, барои онон амонист ва онҳо роҳёфтагонанд”. (ояти 82)

Саҳобагон маънои оятро дар фикри худ муҳокима карда, ҳасратомез ба Паёмбар (с) гуфтанд: -Кадоме аз мо метавонад имонашро бо зулм омехта накунад?

Онҳо гумон карданд, ки зулм ин ҷо ба маънои гуноҳ омадааст. Хавфи онҳо низ дар ин буд, ки аз хатову гуноҳ касе комилан озод ва пок буда наметавонад. Паёмбар (с) онҳоро дилбардорӣ карда, фаҳмониданд, ки он зулме, ки дар оят мавриди назар аст, ширк мебошад, на гуноҳу маъсият. Он дам Ҳабиби Худо (с) барои таъкиди қавли худ гуфтанд: -Оё ояти Худоро нашунидаед, ки фармуда:

“Луқмон ба писараш гуфт: -Ба Худо ширк маёвар, ки ба ростӣ, ширк ситами бузург аст”. (сураи Луқмон, ояти 13)

Аз рӯи қавли Аллоҳ, ширк овардан ба Худо аз бузургтарин ситам ва гуноҳ ба шумор меравад. Азбаски ширк ба шаъни Аллоҳ марбут аст, зоти олимақом хабар додааст, ки гуноҳи шахси аз ширк тавба нокардаро нахоҳад бахшид. (“Фатҳ-ул-маҷид”, саҳ. 58)

Дар китоби ақидавии мазҳаби ҳанафӣ “Хулосату-л-масоили  ва фиқҳи ҳанафӣ” ин маъниҳоро хеле равшан мушоҳида хоҳем кард:

«Ҳар чӣ хоҳад мекунад ва ҳеҷ кас наметавонад иродаи Ӯро боз дорад, фақат зоти Он қобили ибодат аст…».

Аз ин рӯ, тавба кардан аз тамоми анвои ширк, новобаста аз он ки ширки акбар (бузург ) ё ширки асғар (хурд ) аст, воҷиб мебошад. Тавба дар шаклҳои зерин бояд сурат гирад: озод шудан аз ширк, таслим шудан ба Худованди ягона, пушаймонӣ аз бепарвоӣ дар ҳаққи Аллоҳ.

Куфр варзидан низ навъе аз зулм аст:

“Ва кофирон ситамгаронанд”. (сураи Бақара , ояти 254)

Дар ояти 38-уми сураи Анфол омадааст:

”Ба онҳое, ки кофир ҳастанд, бигӯ, ки агар боз истанд, Аллоҳ гуноҳони гузаштаашонро мебахшад“.

“Агар боз истанд“: яъне, аз куфр варзидан боз истанд. Боз истодан, яъне мусалмон шудан аст, таслим шудан ба Худованди ягонаву бешарик аст.

Паёмбар (с) низ гуфтаанд: “Ислом овардан гуноҳони қаблии шахси номусалмонро нобуд месозад”. (ривояти Муслим)

Баъзеҳо рӯйрост гапҳои куфр мезананд, ки ин ба зулм бурда мерасонад.

Ин ҷо метавон ба боризтарин нишонаҳои зулм дар муносибат бо Аллоҳ ишора кард:

  1. Ба Худо касе ё чизеро шарик овардан;
  2. Кофир шудан;
  3. Мунофиқӣ;
  4. Нофармонӣ ба Худову Паёмбар (с).

Паёмбар (с) дар ҳадисе роҳи наҷотро аз ин падидаи хавфнок баён фармуданд:

“Ширк ба шумо сабуктар аз қадамгузории мурча дар болои санг оҳиста ворид мешавад ва оё ба шумо чизеро наомӯзам, ки агар онро ба амал оваред, аз ширки хурду бузург эмин мемонед ва он дуоест, ки бояд бигӯед: -Худоё, ман паноҳ металабам ба Ту аз ширк овардан дар ҳоле, ки медонам ва бахшиш металабам аз он ки намедонам”. (“Саҳеҳ-ул-ҷомеъ”, 2876)

       Шоир низ иброз медорад:

    Худро ба Худо биспор, он лаҳза, ки гирёнӣ,

Он лаҳза, ки аз ғамҳо бетобию ҳайронӣ.

         Худро ба Худо биспор, чун Ӯст навозишгар,   

  Чун нози ту мехоҳад, Ӯро зи дарун бингар.

Муқобили ширку куфр имони содиқ ва яктопарастӣ меистад.

Имон танҳо бо забон даъвои мӯъминӣ кардан нест. Чӣ басо мунофиқоне ҳастанд, ки бо забон даъвои имондорӣ мекунанд, аммо дилҳояшон холӣ аз имон аст: “Аз мардум касонеанд, ки ба Худову рӯзи қиёмат имон овардем мегӯянд, дар ҳоле, ки мӯъмин нестанд”. (сураи Бақара, ояти 8)

Имон бо анҷом додани амалҳои нек ва ибодатҳои зоҳирӣ ҳамоно ба исбот намерасад. Чӣ қадар шайтонсифатоне ҳастанд, ки дар зоҳир худро боимон вонамуд мекунанд, аммо дилҳояшон холӣ аз имону ихлос аст.

Шинохтани ҳақиқатҳои имон низ ҳамоно шахсро боимон намесозад. Чӣ қадар касоне ҳастанд, ки аз ҳақиқати имон огоҳанд, вале мӯъмин нашудаанд. Худованд аз онҳо изҳори норизоӣ карда мегӯяд: “Аз рӯи зулму калонгирии худ ҳақиқатро бо вуҷуди бовар доштанашон инкор кардаанд”. (сураи Намл, ояти 14)

Онҳо агарчи ҳақро шинохтанд, аммо кибру ғурур ё кинаву ҳасад ё ин ки муҳаббати дунё байни онҳо ва имон монеае эҷод намудааст: “Ва албатта гурӯҳе аз онҳо дар ҳоли донистан боз ҳақро пинҳон медоранд”. (сураи Бақара, ояти 145)

Имон дар ҳақиқати худ на амали забониву на ҷисмонӣ ва на зеҳнист. Имон амали равонист, ки ба қаъри нафсу рӯҳ мерасад ва идроку иродаву виҷдонро иҳота мекунад. Имон аз ваҳйи илоҳӣ сарчашма мегирад. Бинобар ин, дарки ақлонии фарди боимон бояд дар ҳадди боварии комил ва яқини қатъӣ бошад, то онро шакку шубҳа ба ҷунбиш наорад: “Албатта мӯъминон онҳоеанд, ки ба Аллоҳу паёмбараш имон овардаанд, сипас шубҳа накарданд”. (сураи Ҳуҷурот, ояти 1)

Боварӣ бояд ба андозае қавӣ бошад, ки дил ва иродаро водор ба таслими ҳукми ҷонофарин созад, ки фармонбардорона ҳаракат намояд: “Албатта қавли мӯъминон чун сӯи Худову паёмбараш даъват шуданд, то Аллоҳ миёни онҳо ҳукм кунад, чунин буд: Шунидем ва итоат кардем. Ва онҳо наҷотёфтагонанд”. (сураи Нур, ояти 51)

Шинохти Офаридгор бояд ба қалбу виҷдон чунон гармиву ҳарорате бахшад, ки дар асари он банда ба талаботи ақида амалгаро ва сарқонунҳои ахлоқӣ итоатгар бошад. Қуръони карим  имони касонеро, ки ахлоқи нек дошта, якзайл амалҳои шоиста анҷом медиҳанд, сазовори таҳсин мехонад: “Дар ҳақиқат мӯъминон наҷот ёфтаанд, он мӯъминоне, ки дар намозашон хушӯъ мекунанд ва онҳое, ки аз беҳудакорӣ гурезон ҳастанд ва мӯъминоне, ки закот медиҳанд ва онҳое, ки фарҷҳояшонро аз ҳаром нигоҳ медоранд”. (сураи Мӯъминун, ояти 1-5)

Ҳамин тавр, имон тасдиқи Худову Паёмбар (с) бо қалб аст, тасдиқе, ки дар он шубҳае ба назар намерасад, тасдиқи самимӣ ва собите, ки ба ҷунбишу изтироб намеояд, тасдиқе, ки ба фарёди нафсу шайтон гӯш намедиҳад, тасдиқе, ки аз он рӯҳи саъю ҳаракат сарчашма мегирад.

Чӣ зебост, ки бо абёти диловези шоира Марям Суқлотунӣ ин бахши мақоларо ҳусни хотима бахшем, ки тасвири қудратмандии Аллоҳи олимақомро хоҳем хонд ва бовар кардан бар он нишони имондорӣ аст:

Худо вақте нахоҳад умри дунё сар нахоҳад шуд,

Гулӯи хушки саҳроӣ ба борон тар нахоҳад шуд.

Худо вақте нахоҳад донаи кӯчактар аз борон,

Гуле болораванда мисли нилӯфар нахоҳад шуд…

Худо вақте бихоҳад мешавад, вақте нахоҳад на,

Гуле бозичаи тӯфони ғоратгар нахоҳад шуд.

Худо вақте бихоҳад ғайримумкин мешавад мумкин,

Вале вақте нахоҳад воқеан дигар нахоҳад шуд.

(идома дорад)

Паймони Анис

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *