Рубрики Хабарҳо

$3 млн кӯмаки БҶ байни камбизоатони тоҷик тақсим мешавад. Чанд долларӣ?

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд се миллион доллар аз кумаки беш аз 11 миллионии Бонки ҷаҳонӣ байни камбизоатону маъюбон тақсим хоҳад шуд. Дар ин бора Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар парлумон хабар дод.  

Ба гуфтаи вазири тандурустии Тоҷикистон афроде, ки дар мақомоти маҳаллӣ ҳамчун камбизоат номнавис шудаанд, ба ин кӯмаки якдафъаина дастарсӣ пайдо хоҳанд кард.

Коршиносон мегӯянд бо дарназардошти шумори зиёди камбизоатон дар кишвар, ҳаҷми ин кӯмак ба ҳар оила бисёр ночиз хоҳад буд. Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иҳтисодӣ мегӯяд «танҳо омори расмӣ камбизоатонро 28 дарсад медонад, ки баробар ба қариб 350 000 оила мешавад. Яъне, ин маблағ, ҳатто агар бе дуздӣ ва шаффоф тақсим шавад, ба ҳар оила ҳудуди 8 доллар ё 80 сомонӣ хоҳад расид».

Насим Олимзода гуфт, айни ҳол дар кишвар беш аз 500 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ вуҷуд дорад ва, қарор аст, бо пули Бонки Ҷаҳонӣ 100 дастгоҳи дигар бигиранд.

«Агар ду моҳ пеш нархи як дастгоҳ 10 ҳазор доллар буд, ҳоло беш аз 100 ҳазор доллар арзиш дорад», — афзуд ӯ.

Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода зимни муаррифии тарҳи созишномаи кӯмаки 11,3 миллиондолларӣ дар Маҷлиси Намояндагон гуфт: «Кумаки Бонки Ҷаҳонӣ барои харидани таҷҳизот, дору, тестҳо, маводи безараргардонӣ, либоси махсус, омода намудани ҳудуди 100 кати нав ва харидани маводи дигари ниёзи аввал барои муқовимат ба COVID-19 истифода хоҳад шуд.»

Як рӯз пеш ҳукумати Амрико барои мусоидат ба омодагии Тоҷикистон ҷиҳати муқобила бо коронавирус 866 ҳазор доллар ​ҷудо кард. Ҷон Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Душанбе, рӯзи 7-уми апрел гуфт, «маблағ барои омӯзиш додани пизишкону парасторон ва хариди дастгоҳҳои зарурӣ дар бемористонҳо пешбинӣ шудааст».

То ин дам Олмон як миллион евро, Бонки Осиёии Рушд 100 ҳазор доллар ва Русия беш аз 20 ҳазор тест ё маводи ташхиси коронавирус ва ЮНИСЕФ либосу ашёи муҳофизатӣ додаанд.

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода тасдиқ кард, ки барои дастрас намудани маблағ айни ҳол бо созмонҳои молӣ гуфтугӯ доранд. Вай ибрози умед кард, ки барои муқовимат бо вируси нав кумакҳо дарёфт хоҳанд кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *